Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъд аз ин ҳар шаб монанди ҳамин бо он зебонигор, холӣ аз ағёр гирифтори бӯсу канор будем. Чун ба шаҳр рафтанд, бе рухсати падар маро ба қатори мулозимони хоси худ гузаронид ва ҳар рӯз араку шароб бо мурғу кабоб ва таоме ба қадри кифоя муайян намуд. Ҳамин ки шаб мешуд, хизматгорҳо мехобиданд, он умри азиз ба сарвақти ман меомад ва то саҳар он рашки қамар равшанибахши дидаам мешуд. Баъд аз чанд рӯз дояи ӯ низ аз сир бохабар шуда, бо ӯ рафоқат менамуд...

Баъд аз чанд гоҳ, як шаб вай гуфт, ки:

  • Ман андеша мекунам, ки асрори мо ба ҳама ошкор нагардад. Ҳоло бояд илоҷ кунем, ки аз шармандагӣ раҳоӣ ёфта ба ҳам бирасем.

Гуфтам:

  • Рост мегӯӣ! Аммо чӣ илоҷ мекунӣ?

  • Бояд гурехт ва ин силсиларо бояд гусехт!

Гуфтам:

  • Чӣ тавр? Бо чӣ роҳ?

Ӯ гуфт:

  • Ту бояд чанд рӯз аз хизмати мо дур шавӣ, ва дар байни савдогарони мусулмон нишинӣ, то ки ёрон ва муттаалиқони ман туро фаромӯш кунанд. Ман гоҳе дояро ба пеши ту мефиристонам, аз вай ба ту зару гавҳар дода мефиристам. Ҳар гоҳ донӣ, ки аҳли Аҷам аз роҳи дарё мусофират мекунанд, ту низ асбоби рафтан муҳайё кун ва маро хабардор соз, то ки пинҳон аз мардум шабона аз ҳарам берун баромада худамро ба киштӣ расонам.

Алқисса сухан ба ҳамин қарор ёфт. Рӯзи дигар он симинбар маро дар пеши назари парасторон аз хизмат ҷавоб дода, мушти заре инъом намуд. Ман низ ба ҷудоӣ тан дода, бо дили пурҳасрат аз хизмати он валинеъмат ба зарур дур шудам. Рафта аз корвонсарое, ки савдогарони Аҷам дар он буданд, ҳуҷрае гирифтам ва шабу рӯз бо гиряву сӯз ба сар мебурдам ва дар фироқи лаъли лабаш хуни ҷигар мехӯрдам. То ин ки баъд аз муддате савдогарони бисёр аз мардуми Аҷам, Туркистон ва Хуросон ва дигарҳо, ки дар фаранг буданд, ирода намуданд, ки аз роҳи дарё равонаи ватани худ гарданд. Баъд аз он ки азмро ҷазм карданд, онҳо моли худро аз шаҳр ба дар-

пешина
аз 191
навбатӣ