Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Банд, ки як фарсанг буд, бурданд ва баъд аз рухсати шоҳи бандар моли худро ба киштӣ бор кардан гирифтанд. Баъзе аз ёрон маро таклифи рафтани вилоят карданд. Ман аввал барои эҳтиёт ва дафъи тӯҳмат аз худ, гуфтам, ки:
— Ман ба кадом сармоя ин иродаро намоям?
Онҳо гуфтанд:
— То кай дар ин мулк хоҳӣ монд. Биё, ягон кор мешавад.
Гуфтам:
— Хуб, ҳар гоҳ шумо чунин мехоҳед, ман ҳам меоям. Чизе ки ман дорам як саг, як каниз ва як сандуқ аст.
Баъд аз ин барои ман ҳам дар киштӣ ҷой муайян карданд. Баъд аз он ба шаҳр рафта, сандуқи худро ба киштӣ кашондам ва донистам, ки киштӣ, албатта, фардо субҳ бодбон баланд хоҳад кард, аз рафиқон барои ба шаҳр рафтан рухсат талабидам, ки бо баъзе ёрон видоъ карда, канизи худро гирифта меорам ва агар то вақти саҳар бошад ҳам, худро ба киштӣ мерасонам.
Аз он ҷо ба шаҳр рафта, ба дари хонаи доя омада, гуфтам:
— Э модари меҳрубон! Ба рухсати ту азми ватан дорам. Умедворам, ки як бори дигар бо ёрии ту ба побуси малика бирасам. Фардо субҳ киштӣ равона мешавад, чӣ шавад, ки ҳамин шаб орзуи маро барорӣ.
Ҳамин гуна зорӣ ву таваллои бисёре кардам, то ки дилашро ба раҳм овардам.
Ӯ гуфт:
— Э аҷамӣ! Дар шаб ба фалон маҳал, ки дар қарибии ҳарам аст, мунтазир бош. Ман ҳамин дам ба ҳарам рафта арз мекунам, то шояд толеат ёрӣ ва бахтат мададгорӣ кунад.
Ҳамин ки шаб даромад, ба ҳамон маҳал, ки гуфта буд, рафтам ва мунтазир нишастам.
Чун доя ба малика арз мекунад, малика розӣ намешавад, ки маро ба хизмат роҳ диҳад ва дояро нигоҳ медорад. Ҳамин ки посе аз шаб мегузарад, канизонро рухсати хоб медиҳад. Баъд аз он дояро ба коре машғул сохта, аз ҳарам бо сандукчаи ҷавоҳир ва либосашро табдил дода берун меояд.
Нимишабӣ буд, ки он моҳи тамом бо либоси канизонаи кӯҳна пайдо шуд, сандиқчаро ба ман дод ва ба роҳ даромад. То ба канори дарё дар ҳеҷ ҷое наистодем. Ва ба лаби дарё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё