Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Расида завракро киро карда ба киштӣ рафта даромадем. Ин саги вафодор, ки дар киштӣ буд, бо дидани ман бар гирдам гардид ва ором гирифт.

Чун рӯз равшан шуд, нохудоён (киштибонон) лангар канданд ва бодбон баланд сохта киштиро ба роҳ андохтанд. Ҳамагӣ хуррам ва хушдил ба сӯҳбат нишаста будем. Киштӣ монанди бод ба рӯи об равон шуд...

То чоштгоҳ киштӣ ба хубӣ равон буд. Ба ногоҳ аз тарафи бандар садои тири тӯп баланд шуд. Нохудо киштиро лангар андохт. Ҳамагӣ дар изтироб афтоданд, ки оё чӣ воқеа рӯй дода бошад ва ин золим, яъне шоҳи бандар ба чӣ хаёл афтода бошад?

Дар он байн якчанд савдогарон канизони қобил ва мақбул доштанд ва аз шоҳи бандар метарсиданд, ки мабодо талабгор шавад, эҳтиётан онҳоро ба сандуқҳо пинҳон карданд. Ман низ аз ин тасодуф хурсанд шуда, он киромигавҳарро ба сандуқ андохтам. Дар ҳамин дам аз канори дарё як заврак расида омад ва шоҳи бандар бо як фавҷ мулозимонаш ба киштӣ баромад.

Шаҳрёро! Сабаби омадани онҳо ин буд, ки чун рӯз равшан мешавад, ба подшоҳ хабар медиҳанд, ки малика нопайдост. Шоҳ аз рӯи хирад ва хушмандӣ ба пинҳон доштани он воқеа фармон медиҳад: ва ба ҳамаи роҳдорон, сарҳадчиён ва маъмурон қаторхат мефиристад, ки дар ҳамаи қаламрав ҳар тоҷир ва мусофире, ки канизе дошта бошад, ба назари мо расонанд ва бе рухсати мо аз мамлакат набароянд. Зеро ки барои саркор чанд канизи қобил ва мақбул зарур аст. Кадомаш, ки ба мо маъқул шавад, пулашро дода мегирем, в-агарна ба соҳибаш боз мегардонем.

Вақте ки ин фармон ба шоҳи бандар мерасад, аз бими бадгӯии душманон дарҳол шиллик карда, ба заврак менишинад ва бар сари савдогарон меояд.

Шоҳи бандар ба киштӣ даромад ва ба болои сандуқи як марди кали номаълуме, ки канизи худро дар он сандуқ пинҳон карда буд, нишаст. Вақте ки шоҳи бандар муддаояшро гуфт, савдогарон якчанд канизе, ки дар хизмат доштанд, ба ӯ нишон доданд. Мулозимон бо фармони шоҳи бандар онҳоро ба заврак бурданд. Дар ин дам марди кал дар рӯ ба рӯи шоҳи бандар истода буд. Шоҳи бандар аз рӯи шӯхӣ ба ӯ гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ