Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Хоҷа, канизи ту куҷост?
Мардаки буздил гуфт, ки:
— Соҳиб, ба сари азизи шумо қасам, ки на танҳо ман дар ҳамин сандуқ пинҳон кардаам, балки аксари ёрон канизони худро дар сандуқҳошон пинҳон кардаанд.

Шоҳи бандар инро шунида сандуқҳоро ковид ва ҳамаи канизонро ёфта бароварда ба заврақ шинонид. Баъд барои тарҷимон ва хароҷотҳои омаду рафт аз савдогарон дувист дусад туман ҷамъ карда гирифта тасаллӣ дод, ки «имшаб канизонро ба назари подшоҳ мерасонам, кадомаш, ки хуш ояд, қиматашро фиристода ва киштиро ба рафтан рухсат хоҳам дод» ва худ ба заврақ нишаста рафт.

Савдогарон ҳама озурдахотир ва парешон, сар ба гиребони ғам фурӯ бурданд ва хаёлҳои дуру дароз мекарданд. Аз ҳама бештар мани хароб, бо дили кабоб ва дидаи пуроб ба сад изтироб мунтазири сиёсат ва азоб будам. Бадтар аз ҳама он ки ҳоли худро ба касе гуфта наметавонистам ва худро маломат мекардам, ки «чаро ин фитнаро сохтӣ, ҷон ба абас дарбохтӣ ва худро дар маҳлақа андохтӣ; аҷаб оташе афрӯхтӣ ва худро дар миён сӯхтӣ» ва дар тамоми он рӯз ба гиря ва сӯз будам...

Ҳамин ки шаб даромад, заврақи канизон аз тарафи бандар ба назар омад. Ҳамаи савдогарон ба хушнудии он шодиёна заданд. Аммо вақте ки заврақ ба киштӣ дарпайваст, нигоҳ карда дидам, ки ба ғайр аз он моҳрӯ ҳамаи канизон ҳастанд. Мулозимон барои нохудо рухсатнома ва ҳадяҳо расонданд. Чун аз канизи худ пурсидам, гуфтанд, ки албатта подшоҳ нигоҳ доштааст.

Савдогарон ба ман тасаллӣ дода, гуфтанд, ки:
— Хуб, ғамнахӯр, қимати онро аз байни худ ба ту ҷамъ карда медиҳем.

Лекин ман розӣ нашудам, бармегардам, гуфтам.
Пас ба мулозимони шоҳ илтимос кардам ва як миқдор зар додам, баъд сандуқи худро ба заврақ фароварда худам ҳам ба он гузаштам.

Саг низ аз паси ман барҷаста, худро ба заврақ гирифт.
Чун ба бандар расидам, ғайр аз сандуқчаи ҷавоҳир тамоми асбобҳоямро ба мулозимони шоҳи бандар бахшидам ва худро дар пинҳонӣ кашидам. Чанд рӯз дар он диёр ба ҷустуҷӯи

пешина
аз 191
навбатӣ