Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Он дурри шоҳвор, садафвор гӯш паҳн карда ба ҳар гӯша ва канор гардидам ва маҷнунвор умедвори дидори он Лайлии зор дар водиҳо давидам ва аз он ҷо рӯ ба шаҳр овардам. Лекин аз ҳеҷ ҷое пай ба мақсад набурдам. То ин ки шабе монанди дуздон ба ҳавои он ганҷи шайгон худро ба хонаи подшоҳ расонидам. Вале дар он ҷо низ ӯро надидам ва суроғашро ҳам нашунидам. Баъд аз ин яқин ҳосил кардам, ки вай ба назди шоҳ нарасидааст. Боз аз он ҷо ба бандар омада ба ҷустуҷӯ машғул шудам. То як моҳ мегаштам ва ӯро меҷустам ва мегуфтам:

Зи бас хунин сиришк аз дида борам,
Дамад аз ҷайбу доман лолазорам.
Ба ёди рӯи ту чандон бигирям,
Ки рӯяд гулистоне дар канорам!

Инчунин ҳамин байт ҳам вирди забони ман буд:

Чудо з-он оразу лаб чун нишинам,
Дар оташ сӯзаму дар хун нишинам.
Чу гиряд дидаам дар мотами дил,
Ту гӯй дар тани Ҷайҳун нишинам...

То он ки шабе фикр карда ба худ гуфтам, ки шояд он моҳрӯ дар хонаи шоҳи бандар бошад. Бинобар он ба таи девори ӯ рафтам, ҳарчанд ба чор ҳад тохтам, ягон ҷои даромад ва раҳнае наёфтам. Танҳо як обгузаре буд, ки дар он ҳам панҷараи пӯлодӣ шинонда буданд. Лоилоҷ либосамро кашида ба об фуромадам ва бо сад машаққат ба боғчаи ҳарами шоҳи бандар даромадам. Ин тараф, он тарафро ба оҳистагӣ дида рафта истода будам, ки ногоҳ овози он нозанинро шунидам. Ӯ бо нолаи ҳазин дар миёнаи дарахтон маро ёд мекард. Чун инро шунидам, пеш давидам ва дасту пояшро бӯсидам. Ӯ низ чун маро дид дарбар кашиду ҳар ду аз бисёрии шавқ аз по афтодем.

Баъд аз замоне ки ба ҳуш омадем, ман аз он хуршеди авҷи иқбол аҳвол пурсидам.
Ӯ гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ