Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
— Вақте ки ба заврақ нишаста аз дарё ба соҳил расидам, шоҳи бандар канизонро як-як ба назди худ ҷеғ зада бо назари харидорӣ дид. То ки навбат ба ман расид ва аз дигарон маро баргузида ба худ писандид ва аз мардум пинҳонӣ ба хонаи худ расонид. Вақте ки канизони боқимондаро ба назди падарам бурданд, маро дар он миён намебинад ва мефармояд, ки ҳамаро ба соҳибонаш расонанд. Аз он рӯз ман дар ин хонаам. Шоҳи бандар ба ман ошиқ шудааст ва ҳар вақт зорӣ карда мехоҳад, ки бо ман ҳамхоба шавад. Ман ҳар бор ӯро бо баҳонае аз худ дур мекунам. Вай ҳам азбаски маро дӯст медорад, ризои маро шарт медонад ва озурдан наметавонад.
Гуфтам:
— Фидои ту гардам, охир ҳоли мо чӣ мешавад? Бигӯ!
Ӯ гуфт:
— Ростӣ, он ки то ҳол қасд доштам, ки агар он ҳаромзода ба номуси ман дастдарозӣ кунад, худро ҳалок намоям. Аммо алҳол фикри дигар ба хотирам расид ва умед аст, ки бо ин роҳ аз банд халосӣ ёбем.
Гуфтам:
— Бифармо он кадом аст?
Гуфт:
— Буткадаи бузургро дидай?
Гуфтам:
— Номашро шунидаам.
Ӯ гуфт:
— Дар соботи буткада, дар қарибии пойгаҳ паласи сиёҳе ҳаст, ҳар гоҳ ба касе ягон фалокате рӯй диҳад, ё савдогаре дар баҳр ё дар дарё молашро ба ғорат диҳад ва рӯ ба ватан надошта бошад, дар он ҷо менишинад ва он палосро ба сар мекашад. То се рӯз мардуме, ки ба зиёрати буткада меоянд, ҳар кас муносиби ҳоли худ ба назди он кас садақа мегузорад. Дар саҳари чорум қашишон ва бараҳманон ва аҳли буткада ба он ҷо ҷамъ шуда, ҳар кадом низ чизе медиҳанд, баъд узр хоста фалокатзадаро бо моли бисёре равона мекунанд. Ба фикри ман ту рафта, ба дастуре, ки гуфтам, дар ҳамон ҷо нишин, вале баъд аз он ки ба ту узр гуфта равона кардани мешаванд, ту барнахез ва моли ҷамъшударо қабул накун. Гӯй, ки ба ман лозим нест. Омадаам, ки шояд ӯ ба дарди ман даво

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё