Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

кунад, в-агарна дар ҳамин ҷо он қадар нишинам, ки ҷонам барояд ва худро қурбон кунам. То ки доди маро аз золим ҳазрати руҳулло ва бути бузург ситонад.

Он касе ки ту дидани онро металабӣ, модари барахманҳост. Вай пиразолест, ки дувисту панҷоҳ (ду саду панҷоҳ) сол умр дорад ва дар тамоми умри худ аз буткада берун набаромадааст. Вай соҳиби бисту шаш фарзанд аст. Ҳамаи барахман ва барахманзодагон ва аҳли фаранг ӯро бузург ва маҳбуб медонанд. Аз ин ҷиҳат подшоҳон ва фармондеҳони фаранг маҳкуми ӯанд.

Баъд аз оне ки ӯ ба болини ту ояд ва ё туро ба назди худ чег занад, даст дароз карда доманашро гир ва ба зории тамом гӯй ки «Э паноҳи мардумон, агар доди мани мазлумро аз золим нагирӣ ба хизмати бути бузург он қадар тазаррӯъ ва зорӣ хоҳам кард, ки супориши маро ба ту кунад». Чун аз аҳволи ту пурсад, гӯй ки «Ман аз вилояти Аҷам, овозаи адолати шуморо шунида ва бо нияти зиёрати бути бузург аз роҳи дур омадаам. Зане доштам, ки андаке зебоӣ дошт. Рӯзе, ки аз дарё баромадам, шоҳи бандар занамро дида ошиқ гардида, ӯро бо зӯр аз ман кашида гирифт. Қоидаи мо он аст, ки ҳар гоҳ номаҳраме зани моро бинад, мо маҷбурем, ки ӯро кушем. То хуни номаҳрамро нарезем, он зан ба мо ҳалол намешавад. Вақте ки зан ҳалол нашуд, даст аз кору бори зиндагӣ мекашем, намехӯрем, намепӯшем...».

...Баъд аз шунидани ин суханон он симбарро видоъ кардам ва рафта ба ҷое, ки гуфта буд, ба дастури мазкур нишастам. Рӯзи чорум кашишон омаданд ва аз рӯи қоида ҳадяҳои ҷамъшударо ба назди ман гузошта, таклифи бархостан карданд. Қабул накардам ва гуфтаҳои он дилбанди донишмандро такрор кардам. Ман палосро аз сар нагирифта ба даруни буткада даромадам. Дидам, ки дар таҳти бути бузург як нимтахти тиллокорӣ гузошта буданд. Дар рӯи тахт рахт партофта, пиразоли хушҳол, саропо сиёҳпӯш дар он нишастааст. Ду тифли даҳ-дувоздаҳсола ба тарафи чапу рости ӯ нишаста буданд. Пиразол бо онҳо ба бозӣ машғул буд. Ман пеш рафтаму пои тахтро бӯсидаму доманашро гирифтам ва ҳарчи он оқила таълим дода буд, гуфтам. Пиразол баъд аз шунидани аҳволи ман пурсид:

пешина
аз 191
навбатӣ