Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
— Аҷамӣ, магар шумо занҳои худро пинҳон медоред?
Гуфтам:
— Бале, ин айбро мо дорем.
Ӯ гуфт:
— Ин қоида хуб нест. Ман ҳозир мефармоям, ки шоҳи бандарро бо зани ту ҳозир кунанд ва он золими бебокро, яъне шоҳро танбеҳ кунам, ки ибрати дигарон шавад ва то донад, ки киро амини мулк кунад. Баъд аз он аз дигарон пурсид – ин шоҳи бандар кист?
Кашишон гуфтанд, ки фалон кас. Чун номи ӯро шунид, гуфт, ки:
— Ҳоло он лаънатӣ ба ҳамон дараҷа расидааст, ки дастондозӣ ба сатри мардум мекунад?!
Баъд рӯи худро ба он ду писар баргардонда, гуфт:
— Фарзандон, зуд ба шаҳр равед ва ба боргоҳи шоҳ дароед. Ба он ғофили ҷоҳил бигӯед, ки: модари мо мегӯяд, ки ҳукми бути бузург шудааст, ту фалон касро, ки марди золим ва нобоб аст, шоҳи бандар кардаӣ. Ӯ ба дарвешони бисёр ситам кардааст ва мекунад. Аз ҷумла ин марди аҷамӣ аз мазлумони ӯст. Бояд ҳукми қатли шоҳи бандарро ба ӯ навишта диҳӣ ва амволи ӯро, агарчи бисёр ҳам бошад, ба ин мардак, ки назаркардаи мост, бубахшӣ ва ӯро аз худ розӣ кунӣ. В-агарна ҳамин шаб туро ба сангӣ сиёҳ баробар хоҳам кард.
Он ду тифл бо фармуди модар аз буткада баромада савор шуданд. Ҷамъе аз кашишон пеш-пеши онҳо нокуззанон ва зикргӯён ба шаҳр даромаданд. Аҳли фаранг хоки қадами аспи онҳоро табаррук гуфта мебардоштанд. Вақте ки ба дарбори шоҳ расидем, ба ӯ хабар расид. Вай зуд ба истиқбол давида он ду тифлро дарбар кашид ва ба боргоҳ даромада онҳоро дар паҳлӯи худ шинонид. Баъд сабаби омадани онҳоро пурсид. Онҳо гуфтаи модарашонро баён карданд.
Подшоҳ андешае намуда, гуфт:
— Хоб аст, ҳозир мефармоям, рафта шоҳи бандарро биёранд ва дар рӯ ба рӯи ин мард шинонанд, то ки ҳақиқати масъаларо пурсем.
Ман дар дили худ гуфтам, ки «Э вой, ки беҳ нашуд, бадтар шуд. Агар шоҳи бандарро биёранд, ман чӣ мегӯям...».
Он тифлони рамузфаҳм чун изтироби маро диданд, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё