Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Карина фаҳмиданд, ки он ҳукм мувофиқи хоҳиши ман набудааст. Бинобар он даст бар доман зада аз ҷо бархостанд ва ҳар ду бо як забон гуфтанд, ки:
— Давлати дунё димогатро гирифтааст, ки ба ҳукми бути бузург мухолифат мекунӣ, ё гуфтаи модари моро хилоф медонӣ ва мехоҳӣ, ки боз худ тафтиш кунӣ! Не, кори ту зоеъ шуда, ақлат нуқсон ёфтааст. Охир аз оташи ғазаби бути бузург андеша кун!

Тифлон берун рафтанӣ шуданд. Подшоҳ бетоқат шуд ва бо илтимоси тамоми онҳоро гардонида ба ҷои худашон шинонид. Вазирҳо ва надимҳо ба подшоҳ муттафиқ шуда, ба бадгӯии шоҳи бандар забон кушоданд ва ба подшоҳ арз карданд, ки:
— Гуфтаи модари бараҳманон дуруст аст ва ҳукми бути бузург ҳақ аст. Албатта ӯ воҷибулқатл аст.

Подшоҳ чун ҳукми ҷамоатро шунид, аз гуфтаи худ пушаймон шуд ва ҳукми куштори шоҳи бандарро ба дасти худ навишта ба ман дод ва молу ҷои ӯро ба ман бахшида, ба илова мансаби шоҳибандариро ҳам ба ман супурд. Баъд ба ман либос ва асп инъом карда, ба он ду тифл зару ҷавоҳири бисёре бахшида, ба модарашон аризае навишта гусел кард.

Ман ба хушҳолии тамоми ба бутхона рафтам. Модари бараҳманон аризаи шоҳро хонда ва тафсилро фаҳмида хушдил шуд ва фармуд, ки нокуси буткардаро навозанд. Бо шунидани овози нокус дарҳол понсад нафар сипоҳии мусаллаҳ бар дари бутхона ҳозир шуданд. Модари бараҳманон ба онҳо фармуд, ки ба ин мард ба бандар рафта, шоҳи бандарро гирифта ба дасти ин мард супоранд, то ба ҳар соат, ки хоҳад ӯро бикушад ва амволи ӯро муҳофизат бикунанд ва набояд касе ба хонаи ӯ дохил шавад. Баъд аз ин ба бандар равона шудем. Яке аз саркардагон пеш рафт ва ба шоҳи бандар гуфт, ки «ҳаракат макун!». Дар он дам аз ақиб ман расидаму ба вай ҳуҷум овардам ва сарашро аз танаш ҷудо кардам. Баъд аз он гумоштагон, мансубон ва мулозимони ӯро гирифта, дафтарҳои ӯро забт намудам ва ба даруни ҳарам шитофтам ва он дилраборо дарёфтам...

Баъд аз оне ки моли ӯро аз назар гузаронидам, маҷлисе
барпо карда ба мулозимон ва одамони шоҳи бандар инъомҳо

пешина
аз 191
навбатӣ