Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

дода, ҳар кадоми онҳоро ба амали худашон гузоштам; ғуломонро ҳам навозиш карда, аз худ хурсанд кардам. Ба ҳар кадом касоне, ки бо фармони модари барахманон ба ёрии ман омада буданд, мувофиқи ҳолашон чизе бахшидам. Барои подшоҳ ва модари барахманон низ, ҳадяҳо ва туҳфаҳо тайёр карда, рӯзи дигар рафта онҳоро дидам...

Баъд аз он бо осудагӣ ва хотирҷамъӣ бо ин симбар зану шу гашта, даст ба домани висоли якдигар задем...

Азбаски ҳамарӯза подшоҳ ва сипоҳро хизмати лоиқ мекардам, шоҳро нисбат ба ман шафқат зиёда шуд. То ки ба шарафи ҳамсуҳбатӣ расидам. Ҳеҷ масъалае бе машварати ман ҳал намегардид.

Ростӣ дар он рӯзҳо ташвише, ки доштам, танҳо ҳамин буд, ки «ба сари бародаронам чӣ омада бошад?», то ин ки баъд аз се сол корвоне аз савдогарон ба лаби дарё ғун шуд. Онҳо, гӯё аз Вазиробод меомаданд ва ирода доштанд, ки аз роҳи дарё ба вилояти Аҷам раванд.

Шаҳрёро! Дастур чунон буд, ки корвонҳое, ки ба бандар меомаданд, ба ман армуғон меоварданд ва маро ба зиёфат таклиф менамуданд. Ман меҳмони онҳо мешудам ва молҳояшонро аз назар гузаронида, ушр мегирифтам ва рухсати рафтан мекардам.

Чун аҳли қофила ба дастури мазкур маро ба меҳмонӣ бурданд, дар вақте ки чизҳои онҳоро аз назар мегузаронидам, бародаронамро дидам, ки дар қатори човушон хизмат мекарданд, онҳо букҷаҳои молро ба дӯш бардошта меоварданд ва чунон дасту по мезаданд, ки ҳеҷ ғуломи боихлос он қадар намекард. Инро дида ҳамият ва ғайрат маро домангирам шуд. Дар вақти бозгашт ба баҳонае онҳоро бо худ овардам ва чунон ки бояду шояд меҳрубонӣ кардам ва ба ҳар кадом як амалеро аз амалҳои шоҳибандариро додам. Вале ин ду бадтинат поси давлати худро надошта, боз қасди қатли ман карданд... чун дуздон бо теғи буррон ба болини ман омаданд. Нахуст (аввал) ин саги бовафо ва ҳушёр ба онҳо ҳамла кард. Баъд посбонҳо аз ҳар тараф тохта онҳоро гирифтанд.

Шаҳрёро! Дигар тоқатам намонд. Аммо бар қасосашон розӣ нашудам, хотир ба ҳабс карданашон қарор ёфт, бинобар ин, ба ин қафасҳо банд кардам, то ки дар назарам бошанд —

пешина
аз 191
навбатӣ