Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

На аз дурии онҳо мушававаш ва на аз кирдори бади онҳо дар оташ бошам!

Ин аст сабаби зиллат ва захмати инҳо, ин аст ҳурмати саг.

Дарвешон! (Озодбахт мегӯяд). Ба мардӣ ва муруввати он ҷавонмард офарин кардам ва чӣ тавр ба даст дароварда шудани он дувоздаҳ дона лаъли пурбаҳоро, ки ба гардани саг баста буд, пурсидам – гуфт:

– Дар айёми шоҳи бандарӣ, бар болои қасри баланде, ки бар сари дарвоза сохта будам, барои ҳаво гирифтан ва тамошои саҳро ва дарё нишаста будам ва ба ҳар тараф нигоҳ мекардам. Ногоҳ сиёҳии ду нафарро дидам, ки дар биёбон меомаданд. Дурбинро гирифта дуруст нигоҳ карда дидам, ки аҳволашон бад аст. Бинобар он зуд барои оварданашон қаровулонро фиристодам. Вақте ки онҳоро оварданд, арз карданд, ки як нафар мард ва як нафар зан аст, ки дар дасташон кӯдак доранд. Фармудам, ки занакро ба ҳарам фиристанд, мардро ба боло биёранд.

Чун он мард даромад, дидам ҷавоне дар синни бистсолагӣ. Ранги рухсораш аз тобиши офтоб тира шуда, аз мӯйи сараш фурӯ афтода, ошуфта ва жӯлида, нохунон монандӣ чанголи даррандагон дароз шуда... Маро аз ин ҳол аҷаб омад ва ҳайратам афзуда пурсидам:

– Э мард, аз кадом шаҳрӣ? Ин чӣ ҳол аст?

Вай аз чашмаш ашк рехта, ба домани ман часпид ва гуфт:

– Алҷӯъ, алҷӯъ! (Дод аз дасти гуруснагӣ, дод аз дасти гуруснагӣ).

Зуд фармудам, дастурхон партофта шарбат ва таом оварданд ва бисёр дилдорӣ додам. Ҷавон андак шароб ва таом хӯрда беҳуш гардид. Дар ин вақт ходимони ҳарам якчанд халтаи пур оварданд.

Гуфтам:

– Тафтиш кунед, ки ин ду нафар аз куҷо меоянд.

Чун халтаҳоро боз карда диданд, ҳар кадом пур аз як қисм ҷавоҳир буд, ки ҳар донааш ба хироҷи мамлакате меарзид. Аҷабтар он ки ҳар кадом аз якдигар беҳтар ва нафистар.

Чун он ҷавон ба худ омад, гуфтам:

– Э бародар, баён кун, ки инҳоро аз куҷо овардӣ, ҳамоно ба ганҷи Қорун роҳ ёфтаӣ?

пешина
аз 191
навбатӣ