Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҷавон гуфт:
— ...Ҳикояи ман бисёр аҷиб аст. Асли ман аз вилояти Озарбойҷон аст. Падаре доштам, соҳибдавлат ва сертиҷорат ва аз барои молу давлат гоҳ дар об ва гоҳ дар оташ мегашт. Ба ғайр аз ман фарзанде дигар надошт. Бинобар он маро тарбия мекард. Чун синни ман ба шонздаҳсолагӣ расид, падарам иродаи сафари бандар кард, маро низ бо худ бурд. Ҳарчанд модарам ва дӯстонам гуфтанд, ки «ҳанӯз вақти сафари ин писар нарасидааст», аммо вай мегуфт:
— Акнун ман пир шудаам, кӣ медонад бори дигар дидори ӯро мебинам, ё не. Агар умрам ба охир расад, худи ӯ ба сарам бошад.
Қисса мухтасар, ки ба киштӣ нишаста ба Ҳиндустон расидем. Муддате дар он мамлакат гаштем, хариду фурӯхти худро кардем. Аз он ҷо ба шаҳри Вазиробод рафта, дар он ҷо низ хариду фурӯхт карда, ба тарафи Фаранг равона шудем. Баъд аз он ки ба дарёи кушод баромадем, ногоҳ боди мухолиф бархост, боду борон ва тӯфон ихтиёри киштиро аз дасти нохудо берун кард. Шабу рӯзро надониста, ба сад изтироб ба рӯи об ба ҳар тараф мерафтем, то он ки киштӣ ба кӯҳ бархӯрда шикаста ва ҳамаи молу амвол ва одамон ба дарё афтода ғарк гаштанд. Ман ба тахтапорае расидам ва ба он савор шудам. Дигар надонистам ҳоли падарам ва дигарон чӣ шуд.
Инак, баъд аз заҳмат ва машаққати бисёр, баъд аз се рӯз он тахта дар гил нишаст. Ман рамаке надоштам, ки худро нигоҳ дорам. Охир ба ҳар машаққат, ки буд, худро ба канор кашидам ва бар замин афтода беҳуш шудам. Вақте ки ба ҳуш омадам, аз дур киштзоре дидам. Оҳиста-оҳиста худро ба он ҷониб расонидам. Дар он ҷо чандин хонаи ҳасин дидам, ки дар онҳо ҷамоате монанди қатрон сиёҳ, бараҳна ва урён, ба ҳоли табоҳ зиндагӣ мекунанд. Он киштзорҳо, нахӯдзор будааст. Он ҷамоа оташе афрӯхта буданд ва нахӯди сабзро бирён мекарданд ва мехӯрданд. Ҳамин тавр ба назар менамуд, ки аксари хӯроки онҳо нахӯд буд. Чун маро ба он ҳол диданд, ишора карданд, ки ту ҳам нахӯд чин ва бирён карда хӯр. Ман низ як мушт нахӯдро бирён карда бо оби ширин хӯрдаму дар гӯшае хобидам. Вақте ки бедор шудам, он ҷамоа хостанд, ки аз ман аҳвол пурсанд, вале на ман забони онҳоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё