Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

мефаҳмидам, на онҳо забони маро. Ба ҳар ҳол он шаб дар он ҷо хоб карда, рӯз ба роҳ даромадам ва муште наҳӯд бо худ бурдам... Се шабу рӯз дар биёбони хушк ва беоби сӯзон бо сад машаққат, бо ҷигари сӯхта ва лаби ташна равон будам.
Хӯрокам танҳо ҳамон наҳӯд буд. Дар рӯзи чорум аз дур ҳисори фалакфарсоеро дидам. Чун наздик расидам, дидам ки қалъаи бузург, тақрибан давраш чор фарсах (ҳар фарсах — 8 километр) меомад. Девораш сар ба осмон кашида, тамоми аз сангу гаҷ буд. Ҳарчанд ба чор ҳадди он гаштам, ба ҷуз як дар, даромаде надидам. Он дар ҳам аз ду тахтасанги мармар буда, бо се қулфи хеле калон, ки ҳар як баробари рони шутур меомад, баста шуда буд. Тааҷҷуб намудам, ки ин чигуна ҷоест. Ногоҳ ба тале расидам, ки хокаш монанди сурма сиёҳ буд. Вақте ки ба болои тал баромадам, тамоми ҳайрон шуда мондам. Дар он сӯи сиёҳии шаҳре ба назарам намуд, ки шарафа ва кунгураи айвони ӯ бо қасри кайвон даъвии ҳамсарӣ мекард. Бурҷу борааш маҷмур ва ороста ва ҳалдаш ба дарё пайваста. Инро дида бо шавқи тамом, аз сар қадам сохта, ба тарафи шаҳр шитофтам. Вақте ки аз дарвоза ба дарун қадам мегузоштам, бисмилло гуфтам. Дар он ҷо марде дидам бо линоси фарангиён, ки ба рӯи курсӣ нишаста буд. Вақте ки маро бо линоси аҳли Аҷам дид ва гуфторамро шунид, маро ба назди худаш чеғ зад. Рафтаму салом додам. Вай ба забони фасеҳ ҷавобам дод ва аз аҳволам пурсид:

Гуфтам:
— Э мард, ҳоло маҳалли савол нест, ки ман ёрои сухан надорам.
Ӯ гуфт:
— Гуруснай?

Гуфтам:
— Бале!
Гуфт:
— Бинишин!

Бинишастам. Дарҳол ба пешам дастурхон партофт, нону
мурғи бирён оварда монд ва кӯзаи оби хунук ҳозир кард. Чун
андак нону оби хунук хӯрдам, суст шуда хоб кардам. Бегоҳӣ
аз хоб чашм кушодам, ки он мард таоме пухта, тайёр карда
мондааст. Боз дастурхон паҳн кард, ҳар ду ба майл хӯрок

пешина
аз 191
навбатӣ