Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Хӯрдем. Баъд аз хӯрок ва истироҳат, он мард чун дӯстони мушфиқ аз чигунагии аҳволам пурсид. Ман ҳам тамоми саргузаштамро гуфта додам.
Ӯ гуфт:
— Акнун чӣ ирода дорӣ?
Гуфтам, ки:
— Дар ин шаҳр то ба охири умрам зиндагӣ мекунам. Зеро ки на тоби сафари дарё дорам ва на тӯшаи роҳ. Аз асбоби сафар ҳамин дили пурхун ва пои пуробила дораму бас!
Он мард табассум кард ва гуфт:
— Фардо шавад, фикри фардоро мекунем.
Он шаб ба осоиш хоб кардам. Аввали рӯз хостам, ки узри меҳрубонии он мардро хоста, ба шаҳр дароям, вай гуфт:
— Э фарзанд, азбаски ту аҳли Аҷам ва ҳаммиллати ман ҳастӣ, ман маҷбурам, ки туро насиҳат кунам. Фарзанд! Ин шаҳр ҷои ту нест, сухани маро гӯш куну худатро ба доми бало наандоз. Зуд сари худ гиру бирав. Агар барои ба даст даровардани мол ба шаҳр даромадан хоҳӣ, имрӯз ҳам сабр кун. Ҳозир ба ҳуҷра даромада белу каланд, ғирболу тӯрбаҳо гирифта баро, баъд ман чӣ кор карданатро мегӯям.
Ба худ гуфтам, ки «э вой, ба доми аҷаб одаме афтодӣ, ки дар бадали нони шаҳр имрӯзат кор мефармояд». Вале илоҷ надоштам, ба дарун рафта чизҳои номбурдаашро баровардам.
Гуфт:
— Он талро ки дар дур аст, мебинӣ?
Гуфтам:
— Дирӯз аз болояш гузаштам.
Ӯ гуфт:
— Ба канори он тал бирав, чанд қадам болотар баро ва хоки онро бикан ва канор андоз, то ки як чуқурии якгаза ба вуҷуд ояд. Баъд аз он ҳар чӣ канӣ ба ғирбол рез ва без, ончӣ дар ғирбол монад, ба даруни тӯрба рез. Вақте ки тӯрба пур шуд, гирифта биёр. Баъд ман боз чӣ карданатро мефаҳмонам.
Ман аз асли мақсад бехабар, ба он макон расидам ва ба гуфтаи ӯ амал карда дидам, дар он хок ҷавоҳири зиёде хоб кардааст. Дар андак фурсат он тӯрбаро пур кардам ва чанд дона резаи онро пинҳон намудам, баъд тӯрбаро ба дӯш кашида, ба дарвоза овардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё