Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Он мард боз нон ва як миқдор мева ба назди ман овард ва гуфт:
— Ҳамаи ин ҷавоҳироти овардагиат аз они ту, ана ин тӯшаи роҳро аз ман гир ва ҳар чӣ зудтар аз ин ҷо гурез. Пеш аз он ки касе туро дар ин ҷо бинад, худро ба ҷои амне бирасон ва ҷони худатро аз ин бало бираҳон.
Гуфтам:
— Э падар, гирам ки ман хеле ҷавоҳир дорам, аммо тани танҳо, дар ин биёбони хунхор он ба чӣ кор ояд. Гуруснаву ташна ба куҷо равам? Ҷон дар кафу сар дар наздикии талаф бас набуд, ки боз ин бор низ ба дӯшам бошад.
Дар биёбони хушку реги равон, Шалгами пухта беҳ зи нуқраи хом!
Он мард гуфт:
— Хоб, э ҷавони ҷоҳил! Ман он чӣ донистам, ба ту гуфтам. «Ту хоҳ аз суханам панд гиру хоҳ малол». Алҳол ки аз ин ҷо дур шудан намехоҳӣ, албатта ба шаҳр медароӣ, ин ангуштаринро гир, чун бар сари чорсу расӣ, як марди сафедришро мебинӣ, ки ба ман монанд аст. Ӯ бародари ман аст. Ин ангуштаринро ба вай деҳ, то ки шояд ӯ дар бораи ту фикре кунад. Зеро ки дар ин шаҳр дигар ман дӯсте надорам. Мабодо ту кушта шавӣ. Охирин насиҳати ман ҳамин ки он мард чизе гӯяд, бишунав ва чунон кун!
Суханони ӯро қабул карда ангуштаринро гирифтам ва ба ӯ миннатдорӣ карда ба шаҳр даромадам. Дидам, шаҳр ороста ва пероста, занон ва мардон дар бозорҳо ба дӯконҳо нишаста савдо мекунанд. Дар кӯча занон бо мардон шароб менӯшанд. Ҳама хурсанд ва шод менамоянд, ҳама либоси аҳли фарангро доранд. Дар миёни бозор аз бисёрии мардум роҳ гашта натавонистам. Камтар сабр кардам, то ки дар гашти рӯз бозор сусттар шуду мардум ба ҳар тараф пароканда шуданд. Баъд аз он ман ба чорсу даромада ҳамон шахсеро, ки дарвозабон дарак дода буд, дидам, ки ба рӯи курсӣ нишаста ва дар дасташ асои мурассаъ дорад. Пеш рафтаму салом додам. Вай ҷавоби саломро дода, ба рӯи ман тунд-тунд нигоҳ кард ва гуфт:
— Э писар, ба ин ҷо чӣ гуна расидӣ? Магар бародари гарданшикастаи маро надидӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё