Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Гуфтам:
— Дишаб дар назди ӯ будам, ӯ маро аз даромадан ба шаҳр монеъ шуд, аммо ман гӯш накардам. Зеро ки он қадар риёзат кашида будам, ки гуфта наметавонам ва қуввати рафтор надоштам ва ба шаҳр даромадан хостам. Бинобар он бародар ин ангуштаринро ба ту нишона фиристод.
Он мард андак фикр карда истоду баъд асп талабида савор шуд ва маро бо худ гирифта ба хонааш бурд. Хонаи вай бисёр зебо ва хушнамуд буд. Имораташ ботакаллуф, асбобу анҷомаш бузургҷона, ходим ва хизматгорҳои бисёре дошт. То шаб сӯҳбат карда нишастем. Вай пинҳон аз ходимонаш саргузаштамро пурсид. Вақте ки ҳикояи маро шунид, гуфт:
— Ин ҳама саҳл буд, ту акнун ба доми бало афтодӣ.
Гуфтам:
— Э падар, аз барои Худо, маро аз ҳолати ин шаҳр огоҳ кун, то ки бидонам сабаби ин ҳама манъи ту ва бародарат аз даромадан ба ин ҷо чист?
Ӯ гуфт:
— Бидон, ки мардуми ин шаҳр бутпарастанд. Подшоҳи инҳо бисёр мағрур ва мутаассиб аст. Қоидаи инҳо ҳамин ки агар ғарибе бар ин шаҳр дарояд, ӯро ҳеҷ кас ба манзили худ роҳ намедиҳад, то ба подшоҳ арз шавад. Он касро ба назди подшоҳ мебаранд, вай мефармояд, ки мусофири омада ба бут саҷда кунад. Агар аз ин амр гардан тобад сарашро мебурданд. Инчунин агар касе дар ин шаҳр ягон шаб хоб кунад, дигар бе рухсати подшоҳ ба ҳеҷ ҷое рафта наметавонад. Лекин ҳамин қадар ҳам дорад, ки ҳар кас ки ба бут саҷда кунад, ба вай зан гирифта медиҳанд.
Гуфтам:
— Э падар, акнун ҳоли ман чӣ мешавад?
Он мард гуфт:
— Хуб, ҳоло фикре мекунам, ки расво нашавӣ ва озоре набинӣ.
Баъд аз он камтар фикр карда истода, гуфт:
— Фарзанд, барои ту зани хубе ёфтам.
Гуфтам:
— Он кист?
Гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё