Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
- Духтари вазири аъзам, ки дар ҳусну ҷамол монанд надорад. Синнаш ҳам ба понздаҳ расидааст.
Гуфтам: - Вазири аъзам ба монандӣ ман як касе кай духтар диҳад?
Гуфт: - Э фарзанд, расми ин шаҳр он аст, ки ҳар кас бутро саҷда кунад, гар ғариб бошаду духтари шоҳро талаб кунад ҳам, додан мегиранд. Ба ғайр аз он ман ҳам филҷумла қадру эътиборе дорам. Туро ҳанӯз надида ва нашинохтаанд. Ин тасодуфи хуб шуд, ки фардо рӯзест, ки подшоҳ ва сипоҳу раият ба зиёрати буткада мераванд. Мо ҳам меравем. Ту бояд аз рӯи зарурат бутро саҷда кунӣ. Баъд албатта корҳо мувофиқи муддао мешавад...
Шабро бо роҳат гузаронидем. Субҳ наздик шуд, маро ба ҳаммом фиристод ва либоси фоҳира дод. Вақте ки аз ҳаммом баргаштам, он мард савор шуд, маро низ бар маркабе шинонида ба сӯи бутхона ронд. Он бутхона дар канори дарё буда, чунон ботартиб ва ороиш буд, ки забон аз шарҳи он оҷиз аст. Дар он дам халқи он шаҳр аз ҳаштсола то ҳафтодсола, хурду калон дар он ҷо ҳозир буданд. Духтарони хуршедсимо ва писарони юсуфлико дар ҳар тараф саф зада, сайру сафо мекарданд...
Мо низ сайркунон, то ба ҷое, ки подшоҳ ва умаро ба хизмати бараҳман ба ду зонуи адаб нишаста буданд, рафтем. Онҳо ҳама сарҳо бараҳна, гӯшҳо бар овози бут доштанд.
Ман мувофиқи таълим бутро аз рӯи дил зиёрат кардам ва дасти бараҳман ва подшоҳро низ бӯсидам. Баъд домани вазирро гирифтам ва талаби духтар кардам. Подшоҳ аз он мард пурсид, ки:
- Ин кист, аз куҷо омадааст?
Он мард гуфт: - Аз хешони ман аст. Ба умеди зиёрати бути бузург омадааст. Алҳол духтари вазирро дида, моили ӯ гардидааст. Ҳоло илтимос дорад, ки вазир бо амри подшоҳ ба гуломии худ қабул кунад.
- Амри бути бузург фарз аст! - гуфт подшоҳ. Инро шунида бараҳман дарҳол риштаи сиёҳеро оварда, ба гардани ман андохт ва маро ба пои тахти бути бузург овард ва ба саҷда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё