Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

фармуд. Баъд сухане чанд гуфта буд, ки аз даруни бути бузург овоз баромад, ки ӯ мегуфт:
— Хоҷазода хуш омадӣ! Аз марҳамати мо умедвор бош.

Инро шунида халойик фарёд карда, ҳама бар хок афтоданд. Баъд аз ин подшоҳ ба ман либосҳои фохир бахшид ва дар берун нағора навохтанд. Дар ин дам овоза шуда рафт ки «ба аҷамӣ бути бузург назар кардааст ва духтари вазирро ба ӯ додааст...».

Он рӯз то шоҳ дар буткада будем, вақти шоҳ бо вазир, подшоҳ ва барахману кашишон савор шуда, ба хонаи вазир рафтем. Дарҳол духтарро оро доданд ва ба назди шоҳ оварданд. Ман ба рӯи ӯ нигоҳ карда ҳурвашеро дидам, ки назираш набуд. Барахманҳо бо расму оини худ духтарро ба ман никоҳ карданд.

Подшоҳ рафт. Ман бо он парипайкар хилват намуда, ба висоли якдигар расидем. Рӯзи дигар ба хизмати шоҳ рафтам. Шоҳ маро ба худ мукарраб кард ва инъомҳо медод. Вале ба инъоми ӯ маро эҳтиёҷ набуд. Зеро ки духтар молу зари бисёре дошт.

Алкисса якуним сол ба ҳамин ҳол гузаронидем. Дар ин муддат духтар ҳомила шуда бисёр азоб кашид. Ман гиря мекардам. Се шабу рӯз дард кашид ва мурд. Ман гиребони худро пора карда, ба болини ӯ нишаста мегиристам, ки ногоҳ аз тарафи дигар шеван ва фарёду фиғон баланд шуд. Занони бисёр ба дарун даромада, ҳамин ки ба ман мерасиданд, ба сарам як мушт мезаданд. Қариб буд, ки дар зери мушту лагади онҳо кушта шавам. Дар ин дам касе аз пушт гиребони маро гирифта пас кашид ва аз миёни бало ба канор бурд. Чун дидам, ҳамон мард буд, ки ба ман он занро гирифта дода буд.

Ӯ гуфт:
— Барои чӣ гиря мекунӣ?
Гуфтам:
— Э золим, намебинӣ, ки гавҳари якдонаам аз дастам рафт.

Он мард табассум карда гуфт:
— Ҳоло ба марги худ гиря кун! Вақте ки гуфтам, ба ин шаҳр чаро омадӣ, гуфтӣ, ки илоҷ надоштам. Акнун, ана, илочат ҳамин!

Ба ҳар ҳол маро ба девонхона овард. Дидам, ки подшоҳ,

пешина
аз 191
навбатӣ