Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Умаро, бараҳманон, туҷҷорон ва ҳар хел табақаи аҳли шаҳр ҷамъ шудаанд. Тамоми молҳои ман ва занамро ба миёна рехта, даллолон қимат медоданд. Ҳар кас ҳар чӣ мехост, гирифта, зар медод. То ки тамоми онҳоро нақд карданд. Баъд ба он зар ҷавоҳир харида, ба як сандуқча андохта ба ман доданд. Ба як сандуқ озуқа гузошта бар асп бор карданд. Баъд як шутур оварда маро ба он савор карданд ва сандуқчаро ба канорам гузоштанд. Вақте ки ин корҳо шуд, кашишон ва бараҳманон зикркунон ва нокушзанон пеш афтоданд. Халқи бисёре аз паси мо меомад. Бо ҳамин тангана ба беруни шаҳр баромадем. Аз ҳамон дарвозае ки рӯзи аввал даромада будам, берун шудем. Он марди дарвозабон маро дида оҳ кашид ва ба чашмаш об давид. Ниҳоят ба ҳамон ҳисор расидем, ки дар рӯзи аввал дида будам. Бараҳман аз кисааш калиде бароварда қулфҳоро кушод. Дусад нафар ҷавони зӯрманд бо зӯри тамом дарро кушоданд. Баъд ҷасади мурда, ман ва сандуқи хӯроквориро ба дарун дароварданд ва ба замин гузоштанд. Бараҳмани бузург ба ман наздик шуда гуфт:

— Э ҷавонмард, рӯзе оянд, рӯзе раванд! Ана ин зану фарзанд ва молҳоят, ана ин озуқаи чилрӯза аст. Хӯрда хоб кун, то ки бути бузург ба фарёдат расад.

Хостам, ки аз ҷо хеста он чӣ бояд бигӯям, он марди аҷамӣ пеш омада ба забони аҷам гуфт:

— Хомӯш бош, дар фикри худ шав ва ҳарфе магӯ, ки ҳамин ҳозир месӯзонандат...

Боре, маро дар он ҷо гузоштанду худҳошон берун рафтанд, дарро بستند. Ман аз бедимоғӣ сарамро ба зонуи ғам гузошта гиряи бисёре кардам. Баъд аз андак фурсат гармии ҳаво, бӯи бад ба ман чунон асар кард, ки қариб буд нафасам бурида шавад. Сарамро бардошта ба ҳар тараф нигоҳ кардам, дар ҳама ҷо устухонҳои пӯсида, рехта, ҷасадҳои шалхида, сандуқҳои зару ҷавоҳир афтода хоб мекард. Аз қаҳр хеста ба ҷасади духтари вазир чанд лагад задам. Баъд ба ҳар тараф давидам, шояд паноҳгоҳе биёбам, ки аз тобиши офтоб халос шавам. Вале наёфтам. Он рӯз ба ҳамин ҳол гузашт. Шаб ҳам аз тарсу воҳима ва ҳавои бадбӯ хобу ором надоштам.

Рӯзи дигар ба ҳамин қарор омадам, ки сандуқҳои шикастаро ҷамъ карда дар поёни ҳисор, дар ҷое ки тобиши офтоб

пешина
аз 191
навбатӣ