Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

камтар буд, як паноҳгоҳе созам. Ман он тахтаҳоро болоиҳам чидам. Рӯз дар сояаш менишастам, шаб ба болояш хоб мекардам.

Аз як тарафи ҳисор як ҷӯйчаи майдаи оби гарм ҷорӣ буд. Рафта баромадгоҳи онро дидам, ки ба қадри даҳони офтоба аз ҳафт ҷош ба девор сӯрох гузоштаанд.

Бо он об ва озуқаи мазкур дар он кунҷи ҳисор чанд рӯз зиндагӣ кардам. Қариб дар чил рӯз тӯшаам тамом шуд. Аз ин ҳол хеле ба ғам афтода, бисёр гиря кардам ва хобам бурда мондааст.

Вақте ки бедор шудам, овози мардумро шунидам, мурда оварда буданд. Ман хомӯш нишастам. То ки дарро баста рафтанд. Оҳиста пеш рафта нигоҳ кардам. Дидам, ки марде мурда ва зани пиреро ҳамроҳи ӯ оварда буданд. Сандуки хӯрокворӣ низ дар пешаш буд. Ба худам гуфтам, ки «ҳубаш он ки ба озуқаи ӯ шарик шавам», сандуки худро бардошта пеши ӯ рафтам, ки қисме аз озуқаи ӯ гирифта ба ин андозам. Аммо вақте ки ба пеши ӯ расидам, сандуқ аз дастам ба сари ӯ ғалтид ва ӯ нафасашро набароварда ҷо ба ҷо хобид, ӯ мурда буд. Ман ҳам сандуқи озуқаи ӯро гирифта зиндагӣ ба сар бурдам. Ҳанӯз он ба охир нарасида буд, ки боз мурдае оварданд, хӯрокам зиёда шуд. Ҳеҷ моҳе набуд, ки ризқи ман намерасид.

Баъд аз се-чор моҳ, бо мақсади шикор ба сари мурдаи нав овардашуда рафта дидам, ки нозаниндухтареро овардаанд. Синнаш ҳафтаҳ-ҳаждаҳсола буд. Рӯяш ҳамчун офтоби анвар, либоси умарозодагон дар бар... Ӯро дида ошиқ шудам. Ӯ маро дида наъра кашид ва аз зӯрии воҳима беҳуш шуд. Ман пеш давида, ӯро дар бар кашидам ва ба кунҷи ҳисор бурдам. Дар он ҷо ба рӯяш об зада ба ҳуш овардам. Чун чашм кушод, боз воҳима намуда аз ҷо хеста гурехт. Дар дили худ гуфтам «ҳуб, ҳеҷ ҷо рафта наметавонад!». Ӯро ба ҳоли худаш вогузоштам. Аммо ҳар рӯз дур дар рӯ ба рӯи ӯ нишаста хӯрок мехӯрдам. Чун чанд рӯз гузашт дид, ки ман ба ӯ зарар намерасонам ва хӯрокворӣ дорам, андак ром шуд, нон талабид. Ман ҳам бо мулоиматӣ ӯро ба наздам чеғ задам, таому мева ва ғайра ба ӯ хӯрондам. Баъд бо забони хуш фирефта ба ҷои худ бурдам, аз аҳволаш пурсидам. Гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ