Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан
  • Духтари вакилуссалтанати подшоҳ мебошам. Номзади писари амакам будам. Дар шаби никоҳ шавҳарамро дарди кулунҷ гирифту мурд маро ҳам ҳамроҳ оварданд. Аммо ту кистӣ?

Ман аҳволи худамро шарҳ додам ва гуфтам, ки:

  • Худо туро барои ман фиристодааст.

Аммо ӯ хомӯш монд. Чанд рӯзе бо ӯ мадоро ва муросо ба сар бурдам... Охир ба ӯ таклифи зану шӯӣ кардам. Вай қабул кард ва бо он хурваш дар он ҷаҳаннами дунё се сол умр гузаронидам. Дар соли сеюм як писар зоид. Дар ин муддат кори мо он буд, ки ҳама рӯз барои саргардӣ дар он ҳисор мегаштем ва сайри ҷавоҳирот мекардем. Ҳар чи ки ба назари мо хуш меомад, бардошта ҷамъ мекардам. То ин ки тифл ҳам дусола шуд ва аз шир ҷудо гашт. Рӯзе ба занам гуфтам, ки:

  • То кай дар ин зиндон менишинем?

Ӯ гуфт:

  • То вақте ки барои наҷот кӯшиш кунем.

Сухани зан ба ман рӯҳ бахшид ва маслиҳат карда қарор додем, ки ҷои оббароро васеъ карда бароем.

Баъд аз ин мехҳои сандуқ ва тобутҳоро ҷамъ кардам ва аз аввали рӯз то бегоҳ ва аксар шабҳо низ дар он обшор нишаста мехҳоро бо сангҳо зада, бо зӯр як порча ҳам аз он обгузар мекандам. Занам мех ҷамъ карда меовард. Гоҳ як хирман мех мешикаст, вале як парча аз он санг канда намешуд. Як сол зӯр задам, то сӯрохе пайдо шуд, ки аз он як одам баромада тавонад.

Пас ҷавоҳири ҷамъкардаамонро ба халтаҳое, ки аз остинҳои либоси мурдагон сохта будем, андохта бо худ гирифтем ва шабе таваккал карда аз сӯрох берун шудем. Ҳеҷ кас моро надида мо ҳам халтаҳоро ба китф партофта, бачаро бардошта ба биёбон равон шудем. Як моҳу чанд рӯз роҳ гаштем. Шабу рӯз алаф ва гиёҳ хӯрдем. Аз тарси ҷон ба ҳеҷ ободоние нарафтаем... Ин аст ҳоли ман ва амволи ман...

Вақте ки ҷавон ҳикояташро ба охир расонид (хоҷасагпараст мегӯяд) дилам ба ӯ сӯхт ва ӯро нигоҳ дошта, аввал имтиҳон кардам. Баъд аз он ки аз ҳама ҷиҳат озмудам, нозири саркори худ кардам ва дар ҳар ҳолат мӯнис ва ҳаммаҷлиси худ сохтам. Занаш бо шаҳзодахоним ҳамсӯҳбат

пешина
аз 191
навбатӣ