Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
буд. Муддате бо ҳамин ҳол гузашт. Шоҳзодахоним ду-се фарзанд кард. Вале баъзе дар тифлӣ ва баъзе баъд мурда рафтанд. Шоҳзодахоним ҳам баъд аз чанд сол вафот кард. Айш бар ман талх шуд. Мулки Фаранг бе ӯ ба ман хуш наменамуд. Ниҳоят ба подшоҳ арз карда вазифаи шоҳбандариро ба он ҷавон гирифта додам ва худ рухсат талабида, бародарон ва сагро гирифта равон шудам. Чун ба вилояти Аҷам расидам, аз ҷиҳати ин ки касе аз феълу кирдори бародаронам огоҳӣ наёбад, нанги сагпарастиро бар худ писандидам. Муддатест, ки дар Аҷам истиқомат дорам, то ҳол ки ба далолати ин писар ба хизмати подшоҳ мушарраф гардида, аҳволи худро баён кардам.
Дарвешон! Ман аз хоҷазода пурсидам, ки:
— Ту аз мардуми кадом вилоятӣ?
Вай таъзим карду зинҳор (амон) талабид ва баъд аз он гуфт:
— Шаҳрёро, давлатат безавол бод! Камина духтари ҳамон вазирам, ки пеш аз ин подшоҳ ба он пири бегуноҳ хашм намуда, حبс [банд] карда буд. Вай ба ғайр аз ман фарзанде надошт. Бинобар он ба худ лозим донистам, ки ба халос кардани вай кӯшам ва пинҳон аз дастгирон ба Нишопур рафта ин мардро ба назди шумо овардам. Акнун ихтиёр дар дасти шумост.
Чун духтари вазир будани вай маълум шуд, хоҷа оҳи дарднок кашид ва бехуд шуд. Вақте ки ба ҳуш омад, гуфт:
— Дареғ, ки ранҷам беҳуда ва зоеъ шуд! Дареғ, ки дар охири пирӣ ранҷи сафар кашидам ва пардаи худро даридам ва ба мақсад нарасидам...
Ба ӯ гуфтам:
— Мақсадат чӣ буд?
Ӯ гуфт:
— Подшоҳо! Азбаски фарзанд надоштам, ӯро ба фарзандӣ мехостам. Ана, ин ҳам аз найрангбозии рӯзгор гурге ба либоси барра будааст.
Дарвешон! Ба аҳволи он марди қорафтода дилам сӯхт. Ӯро ба пешам чег зада ба гӯшаш муждаи васли он моҳвашро гуфтам. Ӯ як дараҷа таскин ёфт. Баъд фармудам, духтарро ба ҳарам бурданд. Барои падари духтар аспу либоси нав фиристодам ва аз зиндон ба ҳаммом бурда бо иззати тамоми ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё