Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Даргоҳ оваронидам. Ҳудам то дари даргоҳ рафта, ӯро пешвоз гирифтам ва падарвораш ба бар кашидам, дасташро бӯсидам ва аз сари нав ӯро боз ба мансаби вазирӣ барқарор намудам. Ба хоҷа хилъат ва мансаб инъом намудам ва шаҳрро оинабандӣ карда, дар соати нек никоҳ кунонда духтари вазирро ба хоҷа додам. Хоҷа чанд гоҳ бо он духтар зиндагӣ кард. Ду писар ва як духтар аз ӯ монд. Ҳоло яке аз писарони вай маликуттӯҷҷор ва дигараш хазинадор аст...

Дарвешон! Мақсад аз ин нақл он буд, ки чун шаби гузашта саргузашти дуи шуморо шунидам ва мехостам, ки шумо ҷуръат пайдо карда, ду нафари дигаратон ҳам, нақли худро бигӯед. Чунон тасаввур кунед, ки дар чорток нишастаед ва ман ҳам яке аз шумоям...

пешина
аз 191
навбатӣ