Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

БАЁНИ САРГУЗАШТИ ДАРВЕШИ СЕЮМ

Дарвеши сеюм ба дузону даромада ҳамчун абри баҳорон сиришк аз дида борон гуфт:
— Шаҳрёро, ман аз аҳволи худ чӣ гӯям, ки номам гум бод!.. Банда подшоҳи мамлакат будам. Дар аввали ҷавонӣ ба тахти комронӣ салтанат мекардам. Рӯзе нишаста будам, хосон дар атрофам ҳалқа баста, ҷаҳондидагон ва доноён аз хубиҳои ахлоқи гузаштагон нақл мекарданд. Дар бораи адолати Нӯшервон ва карами Ҳотам суханҳои бисёре гуфтанд. Яке аз надимон ҳикояти карам ва ҷавонмардии Ҳотамро ривоят карда, гуфт:
— Вай аз қабилаи Банӣ Тай буд. Азбаски хубӣ ва некиро ба худ шиор карда буд, мардум аз ҳар тараф ба гирдаш гун шуданд ва ӯро ба сардорӣ интихоб карданд. Сифати некӣ ва бузургии ӯ ба олам паҳн шудан гирифт. Аз ҷумлаи карами вай ин аст, ки як бор Нӯфал бинни Ҳомон ном сардори қабилаи

пешина
аз 191
навбатӣ