Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Банӣ Омир ба қабилаи Банӣ Тай тохт ва сарварии онро хост. Ҳотам ин хабарро шунида, барои он ки ба сабаби ӯ хуни мардум рехта нашавад, танҳо гурехта, пинҳон шуд. Нӯфал бе ҷангу ҷидол мулку моли Ҳотамро ба даст гирифт, дар саропардаи Ҳотам нишаст ва мунодӣ1 фармуд, ки ҳар кас Ҳотамро, ё хабари ӯро биёрад, сад динор мегирад. Ин ваъдаро шунида барои ёфтани Ҳотам ба ҳар ҷонибу канор мардуми бисёре паҳн шуда рафтанд. Аммо он рӯз то шаб ӯро наёфтанд. Дар ин дам Ҳотам дар ғоре пинҳон шуда хоб мекард. Ҳамин ки шаб мешавад, пирмарде бо пирзане ва ду тифл ба даруни гор медароянд. Гӯё он гор мақоми муқаррариашон будааст. Баъд оташ афрӯхта, бе хӯрдани хӯроке мехобанд. Зан ба мард мегӯяд:

«Имрӯз чаро ҳезуми худро нафурӯхтӣ ва барои бачаҳо нон наовардӣ?».

«Нӯфали омирӣ, ба сари қабилаи Банӣ Тай тохт оварда Ҳотам гурехтааст. Ба он сабаб мардум шӯрида ва ошуфта буданд. Касе парвои ҳезум харидан надошт. Нӯфал мунодӣ додааст, ки ҳар кас Ҳотамро биёрад, ба ӯ инъом медиҳам. Бисёрии одамон ба ёфтани Ҳотам саргардон».

Зан оҳ кашида, мегӯяд:

«Кошкӣ, дар куҷо будани Ҳотамро мо медонистем, ба Нӯфал нишон медодем ва аз ин гуруснагӣ ва бечорагӣ халос мешудем».

Ҳамаи ин суханҳоро аз дарунтари гор истода Ҳотам мешунавад. Ҳамин ки рӯз мешавад, Ҳотам пеши он мард рафта салом мекунад. Пирамард баъд аз салом мепурсад, ки:

«Ту кистӣ? Чаро дар ин мағора пинҳон шудӣ?»

«Ман Ҳотам ҳастам» мегӯяд Ҳотам. Он мард ба пои ӯ афтода мегӯяд, ки:

«Э ҷавонмард, ҷонам фидои ту бод! Имрӯз вақти он нест, ки номи худро маълум кунӣ. Ҳеле касон ба гирифтани ту ҳаракат доранд ва Нӯфал барои душман ба қасди ту камар бастааст...»

Ҳотам мегӯяд, ки:

«Шунидаам, ки ҳар кас маро ба назди Нӯфал барад, ӯ ба вай аз рӯи ваъдааш зар ва ҳилъат медиҳад. Акнун ман

1 Мунодӣ — ҷарчӣ.

пешина
аз 191
навбатӣ