Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

мехоҳам, ки ту карам намуда, маро ба назди Нуфал барӣ, то ки он чӣ ӯ ваъда кардааст, ба ту расад...

Он мард гиребонашро гирифта, тавба мекунад ва ин таклифро рад менамояд. Аммо Ҳотам аз ҳад зиёд ӯро танг мекунад ва ниҳоят мегӯяд, ки:

«Бо ҳушӣ маро гирифта бар! Албатта маро дастгир карда пеши Нуфал хоҳанд бурд. Дар он вақт мегӯям, ки фалонӣ маро ба тахти ҳимояти худ дошта буд. Медонӣ, ки ин барои ту хуб нест».

Он мард дармонда, ночор пеш медарояд ва Ҳотам аз дунболи ӯ равона мешавад. Иттифоқо, дар он водӣ халқи бисёре ба ҷустуҷӯи Ҳотам ба ҳар тараф дар такопӯ буданд. Ду нафари онҳо расида Ҳотамро мегиранд. Инчунин дигарон ӯро иҳота мекунанд. Вақте ба саропардаи Нуфал мерасанд, қариб панҷсад кас ба овардани Ҳотам даъвогар мешаванд. Нуфал чун қасам хӯрда буд, ки албатта овардани Ҳотамро сарафроз мекунад, аз ин ҳол ҳайрон мешавад.

Дар ин дам марди ҷаҳондидае мегӯяд, ки ҳақиқатро аз худи Ҳотам пурс, ки ӯ рост мегӯяд. Нуфал аз Ҳотам мепурсад.
Ӯ мегӯяд:

«Инҳо ҳама дурӯғ мегӯянд. Маро як пирамард, ки фалон сифатҳоро дорад, гирифта овард».

Чун пирро суроғ мекунанд, дар дунболи халқ ӯро сипакӯбон ва гирён меёбанд. Ӯро ба назди Нуфал меоранд.
Нуфал аз вай воқеаро мепурсад. Он мард сӯҳбати шабона ва муомилаи рӯзонаро ба тафсил мегӯяд. Нуфал аз шунидани он фикр карда, ба андеша меафтад, ки «ин тавр одамро, ки ҷони худро ба як дарвеш фидо мекунад, куштан, ба ӯ душманӣ кардан, нашояд!» Бинобар он аз ҷо бархоста, ба дасту пои Ҳотам меафтад ва ӯро ба ҷои худ шинонда, худаш даст пеш гирифта меистад.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист, К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро!

Шаҳрёро! Чун ин ҳикоя шунидам, ба худ гуфтам, ки:
«Ҳотам бо риши сафед ва чанд хонаи араб машҳур гашт, ту...

1 Такопӯ – давида кофтан; рафта кофтуковкунӣ, рафта ҷустуҷӯнамоӣ.

пешина
аз 191
навбатӣ