Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

подшоҳи зарринсипар ва сулаймонфар бошиву аз ин ном маҳрум бошӣ: зиҳӣ тундрӯй ва камбахтӣ! Муддате дар ин фикр будам. Ниҳоят яке иморат сотондам, ки чил дар дошт ва хеле васеъ буд. Инчунин фармудам, ки барои ҳайрат ба вазни якмисколӣ тилло сикка зананд. Рӯзҳо аксар вақт дар он иморат менишастам ва аз ҳар дар ятиме, ғарибе ва ё гадое меомад, ба ӯ як дона тилло медодам ва аз ин корам хурсанд будам. Рӯзе аввали рӯз дар он ҷо нишаста хурсанд ва хуррам будам, ки ногоҳ қаландаре аз як дар даромада «шайъан-лилло»¹ кашид. Ӯро пеш талабидам, ӯ домани ҷомаи худро пеш дошт. Ман диноре ба доманаш партофтам. Вай дуо гуфта берун рафт ва боз аз дари дигар даромад; боз як динор додам, вай боз баромада, аз дари дигар даромад ва ҳамчунин дарҳоро як-як гардида, аз ҳар даре як динор мегирифт, то ки боз аз дари аввал омад ва ҳамчунон доман дар даст дошт, маро аз ӯ бад омад, гуфтам:

– Э нодарвеш! Ин исму либос ба ту ҳаром аст. Ҳоло гӯшмоле аз марде нахӯрдаӣ ва хизмати пире накардаӣ. Ин чӣ ҳирсаст, ки ту дорӣ! Дар тазкираи фуқаро шунидаам, ки дарвеше агар фулусе дошта бошад ва ба ӯ лозим набошад, инчунин дарвеши дигар ёфт нашавад, бояд партояд. Ту алҳол чил динор дорӣ ва боз аз гадоӣ даст намекашӣ. Ман дигар туро мустаҳиқ² намедонам ва чизе намедиҳам.

Дарвеш ин суханони итобомези маро шунида, ба сӯи ман бо ғазаб нигоҳ кард ва гуфт:

– Э бандаи Худо! Агар ман хизмати пире накарда бошаam, ту аз карам бӯе набурдаӣ ва камҳиммат ҳастӣ. Агар мехоҳӣ, ки номат ба қатори каримон гузарад, ба Басра рафта ин корро аз духтаре ки мансуб ба хонадони баромика аст, биёмӯз, баъд аз он биншин ва номи нек андӯз. Агар ин чанд динор ба ту қадр дошта бошад, ба ман қадр надорад:

Дарёдилему дидаи мо маъдани дур аст, Гар дасти мо тиҳист, вале чашми мо пур аст!

___________ ¹ Шайъан-лилло — чизе барои Худо. Дар ин ҷо ба маънии фарёди гадоёна барои талаби чизе.
² Мустаҳиқ – лоиқ, муносиб, ҳақдор, соҳибҳақ.

пешина
аз 191
навбатӣ