Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Баъд аз ин сухан зарҳоро ба замин афшонду даст ба тарафи доман зада бадар рафт. Чун он подшоҳи мулки форс маро танбеҳе кард, ман нахостам, ки ба нохуни ҷавр захми дилаш харошида бошад. Ба узрхоҳӣ бархостам ва аз дунболаш рафтам, ҳарчанд ки хостам баргардад, розӣ нашуд ва ман розӣ будам, ки ҳар чӣ хоҳад ба ӯ диҳам ва охир қасам ёд кард, ки «гар подшоҳии худро ба ман бахшӣ, пас намегардам...». Баъд аз ин вай рафт.
Шаҳрёро! Сухани ӯ ба ман бисёр асар кард. Ҳарчанд кӯшидам, ки шояд аз он фикр раҳои ёбам, муяссар нашуд. Шабу рӯз дар баҳри хаёл ғӯтавар ва бе хӯру хоб будам. То охир раъям ба он қарор гирифт, ки ба Басра равам ва он духтареро, ки дарвеш таъриф мекард, бинам. Дар ин бора бо вазири худ маслиҳат кардам. Вай гуфт, ки:
— Ин кор аз подшоҳон айб аст, ки ба гуфтаи қаландари бесару по чунин ҳаракати беҷо кунанд ва ба гуфтаи дурӯғи маҳзи ӯ амал намоянд.
Гуфтам:
— Ба қавли ӯ амал накардам, вале сухани акобирро ҳақ донистам. Мехоҳам, ки маро монеъ нашравӣ...
Вазир гуфт:
— Чун азми сайри Басра кунӣ, чанд нафар аз сайёҳон ва хосонро ба рикоби худ бар.
— Не, ин сухан хилофи раъй ва тадбир аст. Агар ман бо хайлу ҳашам ба ҳар ҷо, ки расам, калонҳои он ҷоҳо пешкаш ва ҳадя мефиристонанд ва агар дар ин сурат сад ҳазор бахшиш кунанд, ҳамоно ки чашмдошти дучандон аз ман дошта бошанд. Ман қаландар — дарвеш шуда меравам. Аз ту мехоҳам, ки ба вақолат ба ҷои ман нишинӣ ва раиятро наёзорӣ, халқро ба қадри тавон аз худ хушнуд бидорӣ; агар бимирам, давлат ба ту боқӣ бод.
Баъд аз он бо баҳонаи шикорравӣ ӯро ба ҷои худ шинондам, умароро ба итоати ӯ фармудам, худам бо чанд нафар ба саҳро рафтам. Дар саҳро чандон сабр карда истодам, ки вай сарриштаи маҳоми мамлакатро ба даст гирифта, ҳама халқро мутеъ ва фармонбардори худ гардонид. Баъд аз ин як шаб
1 Маҳом – корҳои муҳим, муҳимҳо ҷамъи муҳим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё