Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Тағйири либос намуда, муште дирҳаму динор, инчунин чанд дона дурри шоҳвор бо худ гирифта, ба шакли қаландарон танҳо сар ба саҳро ниҳодам. Мулк ва подшоҳиро бар ҷо гузошта, ба ҷониби Басра равон шудам. Дар байни роҳ ҳеҷ воқеае рӯй надод, ки қобили арз бошад. Ниҳоят рӯзе ба Басра даромада рафтам, ба хиёбоне расидам. Дар миёни хиёбон қасри шоҳонае дидам, ки дарашро аз тилло сохта, бо ҷавоҳироти қиматбаҳо мурассаъ (нигинакорӣ) карда буданд. Дар рӯ ба рӯи он иморат лаҳзае истода, вазъи он иморатро тамошо карда аз он ҷо гузаштам. Чунун қадре роҳ рафтам, овози кушода шудани дари он хона ба гӯшам расид ва аз ақиби ман касе давида мегуфт:
— Э марди азиз, э дарвеши сайёҳ, э меҳмон! Мебахшӣ, андак сабр кун, ки ман ба ту арз дорам.
Аз роҳ истода ба ӯ назар андохтам. Вай як марди хушсару либос буда, риши сафед ва дар даст асои мурассаъ дошт. Чунун наздик омад, забон ба узрхоҳӣ кушода, гуфт:
— Э ёри азиз! Ман хизматтори дарвешонам, ин сарой меҳмонхона ва такягоҳи хоси онҳост. Илтимоси он дорам, ки қадам ранҷа фармой ва миннат бар ҷони ман гузорӣ ва маро дар назди махдума (бону)-амон шармсор нагардонӣ.
Бо ин суханҳо чандон таклиф ва зориву тавалло кард, ки ман розӣ шудам, бо вай ба хона рафта даромадам. Дидам боғи бисёр васеъ бо гулҳои алвон ва меваҳои гуногун ороста, ба наҳр ва ҷӯйҳои равон пероста...
Дидаро ранги сабзааш матлуб, Бонги мургаш фараҳфазои қулуб3.
Иморати олӣ биное дар миёни он боғ воқеъ буд, ки аз диданаш чашмро сурур даст медод. Маро ба он иморат бурда шинонду икроми бисёр намуд. Баъд аз нишастанам зуд дар қадаҳи чинии фағфурӣ4 шарбати қанду арақи бедмушк ҳозир карданд. Он мард ба таклифи тамом ба қадри хоҳиш ба ман
1 Дирҳам — танга; 1/200 ва ё 1/400 тангаи исфаҳонӣ.
2 Дурри шоҳвор — дурри бузург ва шоҳона.
3 Қулуб — қалбҳо, дилҳо.
4 Фағфурӣ — чинӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё