Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
нӯшонид. Баъд аз қадаре дастурхон кашида шуд, нуқлу ҳалво ва нонҳои майда (кулча) ва меваҳои латиф ҳозир оварданд.
Ҳамаи ин чизҳо дар зарфҳои чинӣ, ғурӣ, фағфурӣ ва ҳитой буда, дастурхон зарбофт буд. Он марди мизбон бо ман дар сари хон нишаст ва ба ширинзабонии тамом он гуворҳӯришҳоро ба коми ман чошнибахш гардонид. Вақте ки дастурхонро бардоштанд, зарфҳоро тоза пок карда ба каноре гузоштанд. Он мард то шаб маро бо ҳикояҳои аҷиб машғул дошт. Дар шаб боз дастурхон партофтанд ва чанд табақ таом оварданд. Ҳамаи он табақҳо аз нуқра буд. Чун таом хӯрда шуд, зарфҳоро аз иморат берун бурданд. Баъд аз поси шаб рахти хоби акобирона партофтанд. Он мард маро таклифи хоб намуд.
Гуфтам:
— Э мард! Худо туро ҷазои хайр диҳад! Барои дарвешон ин навъ фарш дархӯрд (муносиб) нест.
Ӯ гуфт:
— Э азиз, ба ҳар ҳол ба ту тааллуқ дорад, ихтиёр дорӣ.
Вай ба ду ходим супориш намуд, ки бедор ва аз меҳмон хабардор бошед! Баъд аз ин худаш ба хобгоҳ рафт. Ман ба дарёи ҳайрат ғӯта хӯрда такя намудам ва дар фикри он будам, ки оё ин мард кист? Ин навъ ғарибнавозии ӯро сабаб чист? Ходими бедордил ва соҳибфаросат тафаккури маро фаҳмид: омада дар пеши ман нишаст ва гуфт:
— Э дарвеш! Ин хона соҳибе дорад, ки бо хушахлоқӣ, карам ва сахо машҳур аст. Вай ҳаминро одат кардааст. Ин мард яке аз ходимон ва фармонбардорони вай аст.
Чун ин сухан шунидам, гуфтаи он дарвешро ба ёд овардам ва хотирҷамъ шуда ба хоб рафтам. Ҳамин ки рӯз равшан шуд, ва нонсолори фалак гирдаи нони хуршедрод ба канори осмон ҷо дод, он марди мизбон ба назди ман омад. Дарҳол дастурхон партофт ва меҳрубонӣ кард. Ман ҳарчанд рухсат талабидам, қабул накард ва гуфт:
— Э нури чашм! Мувофиқи фармудаи бонуи мо то се рӯз бояд ҷо дар дидаи мо бидорӣ, баъд ихтиёрат, то ҳар вақт ки хоҳӣ ҳокимӣ. Вақте ки рафтани шавӣ ё коре дошта бошӣ, ман ба бонуи худ арз мекунам, он чи фармояд, ба он амал мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё