Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Қисса кӯтоҳ, он се рӯз бад он тариқ он марди халиқ (хушҳулк) маро нигоҳ дошт ва дақиқае аз саъй ва хизматгузорӣ фурӯ нагузошт. Рӯзи чорум вақте ки офтоб баромада дунёро ба нури ҷамоли худ мунаввар гардонид, он мард боз монанди собиқ меҳрубонӣ ва мизбонӣ кардан гирифт. Ман шукр гуфта аз ӯ рухсат талабидам.
Ӯ гуфт:
— Э ёри азиз! Магар аз мо бандагон, камхизматӣ ва кӯтоҳӣ гузашт, ки ба табъи шариф гарон расидааст?
Гуфтам:
— Худо накунад, ки аз шумо ба ғайр аз меҳрубонӣ ва одамият ва эҳсону неъмат чизе кам надидаам... Аммо сабаб он аст, ки:
Матлаби марди мусофир ба ҷаҳон дидор аст!
Хусусан мақсад аз саёҳат ва сафари ман он аст, ки:
Мо худ ба гарди домани марде намерасем!
Шояд ки гарди домани марде ба мо расад!
Инро шунида, гуфт:
— Андак сабр кун, то ба арзи малика расонам ва изн ҳосил кунам. Акнун ки рафтани ҳастӣ, ҳар чи ки дар ин иморат зарфи нуқра ва ғайра бошад, ба ту тааллуқ дорад. Ба фикри бурдани онҳо бош!
Гуфтам:
— Онҳоро ба куҷо барам?
Гуфт:
— Набурдан илоҷ надорад, агар инро бонуи мо шунавад, моро аз дараҷаи эътимоду ихтиёр ва эътибор дур меандозад.
Бале, чун ту марди ғариб ҳастӣ ва ҷое надорӣ, он қадар метавонам, ки дар хонае гузорӣ ва қуфлу мӯҳр кунӣ, ки амонат бошад.
Чун якраҳагии ӯро дидам, ба маслиҳати ӯ амал кардам ва мунтазири рухсат будам. Дидам, ки чанд нафар аз дар даромада омаданд ва пеш-пеши онҳо хоҷасарои хушлибосе асои мурассаъ дар даст меомад. Вай наздик расида забон ба тавозӯъ кушод ва гуфт:
— Э меҳмони азиз, ва э нури дидаи мо! Сабаби зудсайрӣ чист? Набояд ки маро аз ин файз маҳрум гардонӣ ва бояд ду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё