Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Рӯзе қадам бар чашми ман дошта бошӣ. Агар малика шунавад, ки меҳмоне омада ва аз мо даргузаштааст1 вай аз мо дарнагузарад, балки сари мо бардорад.

Бо ин суханҳо, хоҳӣ-нахоҳӣ маро ба хонаи дигар бурд, ки дар қатори он хона буд. Ин хона низ ба сад зебу зинат ороста буд. Он хоҷа низ лозимаи мизбонӣ ва меҳрубонӣ то се рӯз баҷо овард. Дар муддати ин рӯзҳо ҳар он чӣ зарф, ки аз тилло ва нуқра буд, ҷамъ карданд. Рӯзи чорӯм хостам, ки берун равам, он хоҷа гуфт:

— Э мард, агар хоҷате дошта бошӣ, бигӯ, то ба малика арз кунам.

Шаҳрёро! Хаёл кардам, ки аз моли дунё ҳар чӣ хоҳиш кунам, мумкин аст. Аз он ҷо ки тамаъ ва зиёдталабӣ дар сиришти инсонӣ аст, ба худ қарор додам, ки хоҳиш ва хосткории маликаро намоям. Вале чун дар либоси фақирӣ ва дарвешӣ будам, бо худ гуфтам: «Ин чӣ хоҳиши беҷост?». Боз гуфтам, ки «изҳори матлаб кунам, бинам, ки чӣ мешавад!». Бинобар он ба хоҷа гуфтам, ки:

— Хоҷате дорам, ба восита имкон надорад. Агар аз маслиҳат донед, хатҷае нависам.

Гуфт:
— Хуб аст.

Ман ҳам қоғаз гирифта баъд аз шукри неъмат навиштам: «Бандаи ҳавохоҳро ба василае гузар ба ин шаҳр афтод ва ба сӯҳбати гумоштагони даргоҳи олия мушарраф гардидам, чанд рӯз ба сари хони эҳсони бепоён меҳмон будам. Асли мақсад ба омадани ин шаҳр ҳамин буд. Шукр, ки ба мақсад расидам, ва ҳар чӣ ки дар бораи атвори ин малика шунида будам, дидам. Алҳол мулозимони шумо мегӯянд, ки матлабе арз намо! Шукр ки ман ба моли дунё хоҷате надорам. Дар вилояти худ фармонраво ва соҳибихтиёрам. Азбаски медонам шеваи мардӣ ва карам баъд аз Ҳотам имрӯз ба шумо хос аст, такя бар он намуда, илтимос дорам, ки ба никоҳи ман дарой... узри густоҳии мо чандон ки густоҳии мост».

1 Даргузаштан — ба маънои монда гузаштан, партофта рафтан. Аз мо даргузаштааст — яъне аз мо гузашта рафтааст, моро партофта гузаштааст, аз баҳри мо гузаштааст.

пешина
аз 191
навбатӣ