Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чун роҳӣ шудам, дар ҳеҷ манзиле наистодам. Муддати як сол пои саломат бар санги маломат мезадам ва сахтии ранҷ мекашидам... то ки ба он вилоят расидам.

Шаҳрёро! Агар шарҳ диҳам, ки дар он роҳ чӣ дидам ва чӣ кашидам, боиси дарозии сухан мешавад. Боре, чун дохили он шаҳр шудам, мардуми он шаҳрро ба он сифат дидам, ки аз он мард дар Басра шунида будам. Чун моҳ нав шуд, рӯзи аввали моҳ ба дастури мазкур аз унос ва зукур (зану мард – ҳама) ба саҳро рафтанд. Ман ҳам бо онҳо будам ва тамошо мекардам. Ниҳоят он ҷавони говсавор омад...

Аз дидани аҳволи он ҷавон ва шунидани сухан ва чолокии ҳаракати ӯ аз ҳуш рафтам. Чун ба ҳуш омадам, он ҷавон рафта буд ва халқ бармегаштанд. Боре, ноилоҷ шуда ба шаҳр баргаштам ва то муддате шабу рӯз мешумурдам ва ҳар нафасе ба соле баробар буд... Боре ба сад хорию зорӣ он моҳро ҳам ба охир расонидам. Дар рӯзи аввали моҳи нав ба саҳро рафтам ва он ҷавонро ба қоидаи мазкур дидам, ба ҳоли он дилсӯхта гиря кардам. То он ки баъд аз гиря карда шудан он ҷавон майли саворӣ намуда баргардид ва аз сафи халоиқ ҷудо гардид. Ман ба ақиби ӯ давидам. Ҳамон дам чанд нафар маро гирифта нагузоштанд. «Э ачалрасида, – гуфтанд онҳо, – аз паси инчунин бало кӣ рафтааст? Магар ту аз ҳаёти худ сер шудаӣ?». Ҳарчанд хостам, ки раҳоӣ ёбам ва аз дунболи ӯ равам ва бинам, ки ба куҷо меравад; шояд ба як роҳе маълум карда тавонам, ки ӯ кист ва чикора? Аммо муяссар нашуд. Боз ба шаҳр баргаштам ва ғуссаи бисёре хӯрдам, тарки хобу хӯр кардам. То аввали моҳи дигар аз бемадорӣ чун ҳилол (чун моҳи нав) гаштам. Чун моҳро нав кардам, ба худ андешидам, ки фардо боз ҳамон муомила хоҳад буд. Фикри дуруст бояд кард, ки касе хабардор нашавад ва монеъ нагардад. Охир раъям ба он қарор гирифт, ки дар шаб аз шаҳр берун омада ба миёни найстон, ки дар сари роҳи он ҷавон буд, рафта нишастам... Мунтазир нишаста будам, ки он ҷавон ба суръати тамоми ба ҷои мукаррарӣ рафт ва корҳои аз ин пеш кардагиашро карда бозгашт. Ман ҳам бархоста аз паси ӯ равон шудам. Ҷавон говро ба суръат метохт. Чун қадаме чанд аз паси ӯ рафтам, вай фаҳмид, ки аз ақиби ӯ касе меояд. Бинобар он ҷилав баргардонид. Чун маро дид, наърае зада дар хашм шуд ва кафк бар лаб

пешина
аз 191
навбатӣ