Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

оварда, шамшер кашида, говро ҷониби ман ронд. Ман бо худ гуфтам: «кушта шудандро омода бош, ки ҷои гурез нест!...». Боз фикр кардам ки «кори девона чаппа аст. Аз зери теғи ӯ гурехтан хуб нест ва дуруст нест. Зеро ки далертар мешавад...». Боре қарор бар фирор ихтиёр кардам ва аз кисаам ҷавзе — муносиби ҳоли дарвешон бароварда ба кафи даст гирифтам ва пеш бурдам ва гардан баркашида, таслими теғи он шерсавлат гаштам. Ӯ бо тундӣ ва салобати тамом меомад. Ҳамин ки расид, маро ба он ҳол дид ва даст нигоҳ дошта, гуфт:
— Э вой, дарвеш будай! — ва теғро ба ғилоф карда гуфт: — лаънат ба шайтони гумроҳ!

Вай аз камараш ханҷарро кашида, ба сӯи ман андохт ва гуфт:
— Э ачалгирифта! Бигард, ки муфт кушта шуда будӣ!

Шаҳрёро! Гӯё маро сеҳр карда буданд, ки ёрои гуфтор ва пои рафтор набуд. Он ҷавон боз ба роҳаш давом кард. Чун қадаре рафт, қариб буд, ки аз назар пинҳон шавад, ман якбора ба худ омада ва ба худ гуфтам, ки «акнун бармегардӣ? Ин камоли беҳимматӣ ва норасоист! Илоҷ ҷуз ин нест, ки боз аз дунболи мақсад равӣ. Ё кушта шавӣ, ё ба матлаб расӣ». Бо ин андеша аз паси он ҷавон равон шудам:

Ҳарчанд даруни парда роҳат надиҳанд, Навмед мабош ва ҳалқае бар дар зан!

Он ҷавон боз аз ман хабардор шуда, ба навъе говро ба ҷониби ман тохт ва шамшер ба қасди ман андохт, ки маргро аён дар дами ӯ дидам ва гуфтам:
— Э марди мардона! Зарби шамшери худро аз ман дареғ надор. Маро аз ин ғаму ғусса ва биёбонгардӣ халос кун, бахилӣ накун!

Ин суханро шунида ба сӯи ман бо ғазаб нигоҳ карда сар ҷунбонид ва гуфт:
— Э золими бемурувват! Чаро мехоҳӣ, ки хун бар гардани ман гузорӣ... тарки ҷаҳл карда баргард, ки ин бор ҳам ҳуҷҷат бар ту тамом кардам.

Фирор — гурехтан. Қарор бар фирор ихтиёр кардан, яъне нагурехтан ва истодан, қарор додан.

пешина
аз 191
навбатӣ