Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боз чилав баргардонида говро бо суръат ронда рафт. Ман боз аз дунболаш равон шудам ва ин мазмунро вирди забон сохтам:
Меравам то инони шаҳ гирам,
Кунам аз дасти хубрӯён дод.
Ақл гӯяд, марав, ки натвонӣ,
Ишқ гӯяд, ки ҳар чӣ бодо бод!

Он ҷавон дар арзи роҳ ҳарчанд маро аз гӯшаи чашм дид ва дида нодида ангушт ва худро бад-он надошт. Қариб ду фарсанг роҳ гаштем, ки девори боғе намудор шуд. Он ҷавон чун ба дари боғ расид, аз ҷигар чунон наъра кашид, ки он ҳисор ва атрофи он ларзид. Дари боғро кушоданд, он ҷавон говро ба дарун тохт. Ман дар берун мутафаккир ва ҳайрон истода будам, ки ғуломе берун омад ва маро пеш талабида, гуфт:
— Э ачалгирифта! Аз куҷо дучори ин девонаи хунхор шудаӣ?
Гуфтам:
— Қисмат чунин буд.
Гуфт:
— Ҳоло биё, ки туро металабад. Худо раҳмат (ба ту раҳмат) кунад ва аз шарри ин заҳмат нигоҳ дорад.

Чун ба дарун рафтам, боғе дидам хуррам ва ободон... Шаҳрёро! Забон аз таърифи он оҷиз аст. Дар миёни боғ иморати олии бино дидам, ки шарафааш бо ғурфаи моҳ баробарӣ мекард. Дар он ҷо шаҳнишини васеъ буд; он ҷавон бо дили ғамгин дар он шаҳнишин нишаста, дар пешаш нать¹ паҳн карда, абзори заргарӣ ба рӯи натьє рехта, мартабони дигар дар он буд... Он ҷавон як-як зумуррад дар миёни мартабон ба кор мебурд. Ғулом маро ишора ба нишастан кард. Нишастам ва хомӯш мондам. Он ҷавон ба сохтани мартабон машғул шуда, ба касе аҳамият намедод, то ин ки рӯз ба охир расид; даст аз кор кашид ва сар бароварда чунон бадард хурӯшид, ки тамоми он боғ биларзид. Ғуломон ва парасторон ба ҳар тараф гурехтанд. Бар даври шаҳнишин ҳуҷраҳои бисёр буд. Ман ҳам, чун чунон дидам, ба ҳуҷра хазидам. Он ҷавон дарҳоро як-як баст ва

¹ Нать – бисот ва фарши чармин.

пешина
аз 191
навбатӣ