Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ғурришкунон аз иморат ба зер равон шуд. Ҳуҷрае, ки ман дар он ҷо будам, даре ба тарафи боғ дошт. Дар ақиби он ҳуҷра панҷарае буд, як чӯби он пӯсида афтода, чунон буд, ки аз он ҷо касе берун баромада метавонист, ман ба худ гуфтам, ки «мебояд аз паи ин ҷавон рафт ва донист, ки ба куҷо ва аз барои чӣ меравад...» бинобар он баромадам. Аз кунҷи боғ нола ва фарёди гов ва садои чӯб заданро шунидам. Ба миёни дарахтон рафтам, ки касе маро набинад. Ҳамин ки наздик расидам, дидам, ки он ҷавон чӯб кашида бар пушту паҳлӯи гов мезанад, гов нола мекунад. Ҷавон баъд аз он ки ба танг омад, чӯбро ба дур андохт ва аз киса калид бароварда, ба сӯи иморате, ки дар он ҷо буд, равон шуд ва қулфи онро кушода, худро ба торикии мадҳушон ба дарун афканд. То аз шаб ним соат гузаштан дар он ҷо буд, гиря ва нола мекард, қурбон ва садқа мешуд. Ман ҷуръати пеш рафтан надоштам. Баъд аз он ки берун баромад, пеши гов рафта сару чашми онро бӯсид ва ба ӯ чун ба инсон узрхоҳӣ намуд; дасту пояшро пок карда, алафи бисёре пеш оварда партофт ва ба сӯи иморат равона шуд. Ман аз миёни дарахтон худро ба ҳуҷра расонидам ва дар гӯшае хобидам. Он ҷавон чун ба иморат омада даромад, дарҳоро як-як кушода фарёд кард:
— То кай мехобед, берун бароед.
Ғуломон берун давиданд, чароғ афрӯхта ба маҷлис оварданд. Вай боз фарёд карда, гуфт:
— Он дарвеши золим дар куҷост?
Ман берун давидам. Чун ба наздаш расидам, ишора ба нишастан кард. Хизматгорҳо таом оварданд, дастурхон партофтанд. Вай маро пеш талабида таклифи таом хӯрдан кард... Куҷо таом аз ҳалқи ман фурӯ мешуд?! Аммо ба ҳар тариқ, ки буд, чанд луқма хӯрдам. Чун дастурхонро бардоштанд, ғуломонро рухсат дод. Вақте ки маҷлис хилват шуд, рӯ ба ҷониби ман карду гуфт:
— Э мард! Барои Худо, бигӯй матлаби ту чист? Чаро ба абас ҳалокати худро мехоҳӣ ва ба чӣ сабаб аз паси ман меоӣ? Медонам, ки то касеро корд ба устухон нарасад, маргро ба зиндагӣ намегузинад. Маълум шуд, ки ту ҳам ба ватираи¹
- Гузидан – интихоб кардан, хоста гирифтан. Намегузинад – интихоб намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё