Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман беморӣ ва аз барои маслиҳате дар ин роҳ қадам мондай, ки ин сар дар ақиби ман гузоштай, албатта муддаое дори. Ба мардони олам қасам, ки агар рост гӯӣ ва агар матлаи ту ба дасти ман бошад, барорам ва то ҷон дорам ҳамроҳӣ кунам. Агар дурӯғ гӯӣ ва аз дари ҳила дарой, ба ҷон амонат надиҳам.

Чун ин шунидам, ҷуръат карда тамоми саргузаштамро гуфтам. Чун сухани хоҳиш ва таашшуқро дид, монандӣ абри навбаҳор гирист, биҷӯид ва бихурӯшид ва бехуд гардид. Сарашро ба канор гирифтам ва бо нармиву мулоимат ба ҳуш овардам. Чун ба ҳуш омад, гуфт:

– Э мард, ту наёмадай, магар ба харобии бунёди сабру ороми ман, омадай, ки маро аз биёбоннавардон кунӣ! Қасам ёд кардаам, ки мақсади туро раво кунам ва ба ҷон музояқа накунам². Агар туро маҳрум гузорам, ҷавоби султони ишқро чӣ гӯям? Зеро ки қадри парешон, парешон донад! Хуб, аввал ту ба мақсади худ рас, то бинам, ки оқибати ман ба куҷо расад...

– Э бародар, бидон ва огоҳ бош, ки ман писари подшоҳи ин шаҳрам. Падарам ба ғайр аз ман фарзанде надорад. Маро ҳам солҳо умед ва орзу карда ёфтааст. Ба муждаи зоида шудани ман се сол хироҷ аз раият бармедорад ва коҳинон ва мунаҷимонро талабида аз толеъ ва аҳволи ояндаи ман мепурсад. Онҳо баъд аз гирифтани иртифо³ ва фикри бисёр арз мекунанд, ки «ин писарро то ба охири синни чордахсолагӣ қироне дар толеъ аст⁴ ва он қирон ва рӯъяти⁵ офтоб ва моҳтоб тавонад буд. Аглаби гумон он аст, ки то аз синни вай чордах сол нагузарад, бояд офтоб ва моҳтобро набинад. Агар ин қирон аз вай гузарад, басо комрониҳо кунад. Ва илло ранҷҳо кашад ва мумкин аст, ки девона шавад, хун бисёр бирезад, аз одамон гурезад...». Э мард! Падаре, ки ба он ҳама

1 Ватира — роҳ, тариқ, ҳол, тарз, равиш. Ба ватири ман — дар ин ҷо ба маънои: ба ҳоли ман.
2 Музояқа накардан — яъне дареғ надоштан.
3 Иртифоъ — баландӣ; нуктаи баланд. Др ин ҷо иртифоъ гирифтан — ба маънии баландиро санҷидан.
4 Қироне дар толеъ будан — ба маънии хушбахтӣ, ё бадбахтӣ дар толеъ будан.
5 Рӯъят — ба чашм дидан ва донистан.

пешина
аз 191
навбатӣ