Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Орзу фарзандро мебинад, аз шунидани ин хабар чӣ мешавад? Ҳамон дам маро бо дояҳо ба зери замин мефиристад. Баъд аз он некандешон ва корпардозон машварат мекунанд, ки «будани ин тифл то чордаҳ сол дар зери замин дуруст нест». Баъд аз маслиҳат ба он қарор медиҳанд, ки дар беруни шаҳр боғи нав тартиб дода, ниҳоли бисёре мешинонанд ва деворашро бағоят баланд мекунанд, баъд болои боғро бо чорчӯбаҳо пӯшида, ба онҳо шишаҳои ғафси соф мегузаронанд. Аз болои он ҳам ба намадмолон намади махсус молонда мепартоянд, аз ҳар тараф домони онро маҳкам мекунанд. Баъд маро бо доя ва марде, ки адиби комил ва муҳандиси соҳибтабъ буд, ба он боғ мефиристанад.
Муддати ҳафт сол маро дар он ҷо парвариш мекунанд. Чун ба синни ҳаштсолагӣ расидам, он мард ба ман хондан ва навиштанро таълим дод. Ҳар моҳе як дам ғоиб мешуд. Ман намедонистам, ки ба куҷо меравад. Ва ҳол он ки вай ба назди падарам ва овардани озуқа мерафтааст.
Боз муддати панҷ соли дигар ба дарсҳо ва баҳс гузашт. Доно шудам, аз маънии китобҳо бохабар шудам. Аммо, чун ба ғайр аз муаллим ва доя касе ва сивои он боғ ҷоеро надида будам, он маконро биҳишт ва онҳоро Одаму Ҳаво медонистам.
Ҳар рӯз аз аввали рӯз дар боғ мегаштам, гули бисёр мечидам ва ба иморат мепошидам. Баъд ба мутолиа машғул мешудам. То он ки муаллим ба таълими ман менишаст.
Дар баҳори сенздаҳум, аввали рӯз ба дастури мазкур ба гул чидан рафтам. Гул чида гашта будам, ки ногоҳ дар канори боғ гули аҷиберо дидам, ки ҳаргиз ба он рангу бӯ гул надида будам. Даст бурдам ва нишастам, ки онро бичинам, аммо вай ғоиб шуд. Ҳайрон шудаму қад рост кардам, дида бар он гул дӯхта ва дил аз оташи ҳайрат сӯхта будам. Ҳар замон он гул бузургтар мешуд. Маро аз дидани он шӯру завқе дар дил пайдо шуда, маҳви тамошо гардида будам, намедонистам, ки он чист. Ногоҳ аз боло овозе шунидам, ки ханда мекард. Сар боло кардам, ки бинам кист ва сақфи боғ шикофта шудааст. Сабаб он буд, ки чанд шудани он намад гузашта, барфу борон ва офтоб хӯрда, кӯҳна шуда буд. Ба иловаи он ниҳоли санавбар саркаш гашта, он намадро пора карда буд. Он гул, ки маро ба тааҷҷуб оварда буд, шӯълаи офтоб буда-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё