Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
аст, ки ман ҳаргиз надида будам. Дар он дам тахте дар ҳаво дидам, ки ба дӯши чор нафар буд ва овози ханда аз болои тахт меомад. Онҳо ба тарафи замин мефуромаданд. Ман чашмамро аз онҳо наканда нигоҳ кардам. То ин ки ба замин расиданд, тахтро ба замин гузоштанд ва ба канор истоданд. Нозанинсанамро бар он тахт нишаста дидам, ки аз ҳуснаш боғ равшан мешуд.
Сарвқад, хушодо, камонабрӯ,
Маҳҷабин, симғабғабу гулрӯ.
Шӯхи бедодгар, паризоде,
Нигаҳ оҳуфиреб сайёде.
Ҷодуаш фитна, ғамзааш хунрез,
Мижа қаттолу зулф ғолиябез.
Гесувонаш каманди гардани дил,
Оҳувонаш ба корбурдани дил.
Ғабғабаш ҷонишини оби ҳаёт,
Шакарин пистааш чу ҳабби набот.
Даҳанаш ҳамчун ҳуқкаи ёқут,
Намакин бӯсааш равонро қут.
Хол дар кунҷи он лабон чу канд,
Буд аз баҳри захми чашмсипанд.
Лаби лаълаш чу ғунчаи хандон,
Силки гавҳар мисоли он дандон.
Синаи ҳамчу тахтае аз оғ,
Оҳувонро аз ӯ ба гардан боҷ...
Нимтоҷи ҷавоҳиркори ба сар ниҳода, ба тамкин ва виқор бар он тахт нишаста, минои мурассаъ¹ ва ҷоме аз як дона лаъл дар пеш дошт. Вақте ки маро ҳайрон дид, чун гули сероб хандид ва якбора намакро ба ҷароҳатам пошид ва аз рӯи меҳрубонӣ маро пеш талабид. Саросемавор пеш давидам, пояи тахти ӯро бӯсидам. Он нозанин дасти мани ҳазинро гирифта дар пеши худ нишонид ва аз мино ҷоме пур карда нӯшид ва ҷоме ҳам аз он май ба ман бахшид ва рӯямро бӯсид. Баъд аз ғояти дилрабоӣ гуфт:
¹ Минои мурассаъ – шишаи мурассаъ, шишаи майи рангин ва зарнигор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё