Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АдабиётҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Ҳайф, ки одамизодро вафо нест. В-агарна дил ба меҳри ту мебастам...

Ман ёрои дам задан надоштам. Ҳамчунин он нозанин ду ҷоми дигар нӯшид ва ба ман дод. Ба ман ҳолати ғариб ва қуввати аҷиб рӯй дод. Наздик буд, ки аз хурсанӣ ва нишот ҷомаи ҷон фано кунам ва худро гум карда будам. Соате шуд, ки ман мегиристам, ӯ табассум мекард ва рӯи маро мебӯсид. Ногоҳ чанд нафар аз ҷинси онҳо аз ҳаво расиданд, ва бо забони худ чизе гуфтанд. Он санам афрӯхта шуд, боз аз рӯи ман бӯсид ва маро аз тахт бар замин гузошт ва гуфт:

— Эй ёри азиз! Мехостам даме бо ту бошам, аммо рӯзгор нопойдор мебошад...

Рафтему доғи ҳаҷри ту бурдем ёдгор, Бар ёди мо ту ҳам дили моро нигоҳ дор.

Боре, фаромӯш накун ва ҷоми бевафоӣ нӯш макун.
Забони ман ҳамин қадар ёрӣ кард, ки гуфтам:
— Э қиблаи дилу ҷон! Туро куҷо талаб кунам ва суроғи ту аз кӣ пурсам?
Вай гуфт:
— Ин кор аз ту дур аст, бори дигар мулоқот миёни мову ту амри маҳол аст ва одамизодро қуввати дарёфтани мо нест...
Гуфтам:
— Боре гӯй, ки гуле аз гулистони кистӣ ва сарве аз бӯстони чистӣ?
Гуфт:
— Подшоҳзодаи париёнам! — дар ин дам тахти ӯро ба ҳаво бурданд ва ман ба он маҳв гардидам. Ҳамин ҳисси босираам ба ҷо монда буд, ки он ҳам бар асари ӯ мебуд. Боқӣ ҷон монда буд, ки он ҳам бар ӯ медавид. Дигар дасту по, аклу ҳуш аз забону гӯш аз кор монд.

Аклу ҳушу хирадам рафт, чу дилдор бирафт, Дастам аз кор фурӯ монд, дил аз кор бирафт!

Э дарвеш! Чӣ гӯям, аз ҳоли худ, ки надонам ба кадом забон тақрир кунам. Монанди тани беҷон, ошуфта ва парешон бар хок афтодам ва сиришк аз дида кушодам.

пешина
аз 191
навбатӣ