Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Доя ва муаллим баъди кофтукови бисёр, маро ба он ҳоли зор ёфтанд. Ҳарчанд муаллим бо ман сухан кард, аммо маро сари гуфтугӯ ва ҷавоб набуд. Лекин ашки ғаммоз ҳама ҷо ҳоли дил ба рӯям боз мегуфт.
Муаллим гуфт, ки албатта ӯро ҷин зарар расондааст. Дуову таъвиз бар сарам хонд, аммо ба ҳоли ман суде надошт. Он рӯзу шабро бад-он тариқ гузаронидам. Чун он дардро чорае надоданд ва тамаъ аз ман буриданд, муаллим ба назди падарам рафт ва сурати ҳолро гуфт. Падарам инро шунида саросема ба боғ давид, маро ба он ҳол дид ва дар бар кашид, рухсорамро бӯсид. Ҳарчанд сухан мекард, аз ман ҷавобе намешунид. Дар охир амирҳо, вазирҳо, аркони давлат ва ҳукамо, фузало ва табибҳо даромаданд. Падарам аз ғояти изтироб ба онҳо зорӣ, беқарорӣ, ваъда, мужда ва таҳдид ва он чӣ бояд ва шояд, намуд... Боре чун кор аз даст рафта буд, маро ба шаҳр бурданд. Ман аз он вақт боз, ки гули офтобро дида будам, ҳар лаҳза аҷоиби дигар медидам. Аз ин боз ҳам ҳайронтар мешудам ва аз гиряву оҳ намеосудам, шабу рӯз дар ғусса ва ранҷ будам; рӯз ба рӯз зору назортар мешудам. Ҳакимҳо, табибҳо ба даво шарбат; уламо ва шайхҳо ба дуо ва таъвиз меافзуданд. Аммо онҳо саъйи беҷо ва бефоида менамуданд... Ҳеҷ кадомашон воқиф аз ҳоли дили ҳайрон ва дидаи гирёни ман набуданд. Ман, худам забони гуфтугӯ надоштам. То он ки се сол гузашт. Дар ин муддат шабу рӯз падарам ба андӯҳ буд. Дар ҳар вилоят, ки мешунид, ҳакиме ё марди доное ҳаст, ба ҳар тариқ, ки буд ҳозир менамуд, аз онҳо талабгори давои мани зор ва хостгори илоҷи дили бемор мешуд. Баъди давокунии бисёр, чун бӯи асар намешунид, ба ноком ва ночор маъюс мегардид...
Баъд аз се солу ним ба ин вилоят як тоҷир, ки ҷаҳонгашта ва аксар умр дар сафар гузаронида буд, омад. Азбаски одами
1 Ғамвоз – ғайбаткунанда, гӯянда, сиркушоянда. Ашки ғаммоз ҳама ҷо – ашки сиркушоянда ҳама ҷо...
2 Дар ин ҷо дар нусхаи дигар – дар нусхае, ки дар соли 1318 ҳиҷрӣ чоп шудааст, ба ҷои ин ҷумла «лекин ашк аз дида ба рӯям ҷорӣ буд» навишта шудааст, ки ҳамин дуруст барин менамояд. Аз муҳаррир.
3 Таъвиз – тӯмор. Ба дуо ва таъвиз меафзуданд – ба дуо ва тӯмор меафзуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё