Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

машҳур буд, туҳфае чанд ба назди падарам ба расми армуғон (савғо) овард. Падарам аз вай ҳакими ҳозикро ҷӯё шуд. Вай гуфт ки «дар Ҳиндустон як ҷазираи хушобу ҳаво ҳаст, ки ҷазираи Ҳаким меноманд. Зеро ҷӯгие дар он ҷазира боғе сохтааст, ки девори он ба фалак мерасад, ҳеҷ касро маҷоли ба он даромадан нест. Соле як бор табобат мекунад. Азбаски овозаи ӯ ба кулли Ҳиндустон ва Чину Хӯтан ва тамоми дигар мамлакатҳо паҳн шудааст, ар ҷо беморе, ки табибҳо аз илоҷи ӯ оҷиз шаванд ва дастраси бурдан ба он ҷазира дошта бошанд, аз яксола роҳ (ҳам бошад) ба он ҷазира мебаранд. Дар рӯзи ид дар баробари боғи ҷӯгӣ, агар сад, агар ҳазор ва даҳ ҳазор нафар бемор бошанд, дар паҳлӯи ҳам мехобонанд. Ҷӯгӣ чун аз оббозӣ фориғ шавад, як-як беморонро бар башара нигоҳ мекунад ва бе он ки набз гирад, ё аҳвол пурсад, нусха навишта ба канораш меандозад ва мегузарад. Чум ба нусхаи ӯ амал кунад, бемор сиҳат меёбад. Гумон дорам, ки агар шоҳзодаро ба он ҷо фиристанд, шифо ёбад. Банда метавонам, ки дар шаш моҳ шоҳзодаро ба он ҷо барам.

Падарам аз ин мужда хурсанд шуда, яке аз вазирҳои худро, ки соҳибакл ва ба кифоят буд, бо сад нафар хизматтор ва корвони сафаркаш ба тоҷире ҳамроҳ намуда, ба далолати он марди ҷаҳондида ба он ҷазира равон кард. Муддати шаш моҳ порае дарё, порае саҳро мепаймудем. То он ки ба он макон расидем. Аз он ҷои хушобу ҳаво бӯи фараҳ ва шодӣ ба димоғи ҷонам расид.

То қосиди хушхабар зи ҷонон омад,
Аз файзи ҳавош дар танам ҷон омад.
Бо дил гуфтам, ки эй асири ғаму дард,
Хуш бош, ки шоми ғам ба поён омад.

Чун ба ҷазира расидам фараҳ ва осудагӣ ба дилам ҷо шуд. Аммо забонам ёрои гуфтугӯ надошт ва ашк беихтиёрона аз чашмам мерехт. Дар он ҷазира қариб панҷсад бемор ҳозир шуд. Чун бист рӯз гузашт, мардуми дар он ҷо ҷамъшуда шодӣ кардан гирифтанд. Онҳо мегуфтанд, ки «фардо рӯзи иди мост!». Он шаб то рӯз бемордорон, ки ду-се ҳазор нафар буданд, хурсандӣ мекарданд. Чун рӯз равшан шуд, ҳамаи беморонро ба дастури муқаррарӣ дар макони махсус ба тартиб

пешина
аз 191
навбатӣ