Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

шинонданд ва парасторон худ ба канор рафтанд. Ду соат аз рӯз гузашта буд, ки дари боғ кушода шуд, писари ҳиндуи жӯлидамӯе бо тани урён пешкабзае баста, китобе дар даст ва қаламдони мурассаъ дар бағал аз боғ берун омад. Вай рост ба канори дарё рафта, худро шуста, камтар сайр карда, хиромон-хиромон ба ҷониби беморон омад ва ҳамон тавр, ки тоҷир гуфта буд, аз дасти рост як-як беморонро нигоҳ мекард ва нусха менавишт, баъд нусхаро ба канори онҳо гузошта мегузашт. То ки ба ман расид. Чун маро дид, мутафаккир гардиду баръакси дигарон ба сару пои ман бисёр мулоҳиза ва тааммул кард. Баъд дасти маро гирифта ишораи бархостан кард ва рост истодам, вай мулоҳизаи бисёр кард, даст бар маҳалли дилам гузошта фикри бисёр кард ва бе он ки нусха диҳад, ё ҳарфе занад, гузашта рафт ва ба дидани дигаре сар кард, ин ҳолро дида вазири падарам ва ёрони дигар малӯл шуданд, аз дармони дарди ман майус гашта гиристанд ва зориву фиғон мекарданд. Чун ҳаким аз дидани дигарон фориғ шуд, назди ман омаду аз дастам гирифта ба боғ бурд.

Дар миёни боғ иморати чорсуфае (айвоне) воқеъ буд. Дар як суфа (айвон) аз замин то ба сақфи он китобҳои илми ҳакимӣ, табиӣ, риёзӣ ва дигар илмҳо ба хатти арабӣ, юнонӣ, сурёнӣ ва ҳиндӣ чида шуда буд. Дар суфаи дигар зарфҳои тиллову нуқра, либос ва чизҳои нафис буд. Дар суфаи дигар мартабонҳо, сандуқчаҳо, куттиҳои пур аз даво ва маъҷунҳо, шарбатҳо, доруҳо буд. Дар суфаи дигар чизе набуд. Аммо дар миёни он даре буд, ки он дар ба даҳлезе кушода мешуд. Ҳаким маро ба он чорсуфа нишонид ва худ дари даҳлезро кушода ба дарун рафт ва дарро баст, ба ман чизе нагуфт.

Дарвеши азиз! Ҳамин ки он рӯз гузашт, дилам андаке сокит гашт, гиря кам шуд, майли хӯрду хӯрок кардам ва димоғам андаке рутубат пайдо кард. Чӯгӣ рӯзи ҷилӯм берун баромад. Чун маро хушвақт дид, табассум кард ва гапе, ки ба ман гуфт, ин буд:
— Сайри боғ кун ва харҷи мевае, ки рағбат дорӣ, бихӯр! Инчунин куттиеро намуда, гуфт:

1 Пешкабза – ханҷар (азбаски ханҷарро ба пешкамар мебанданд, онро ба ин ном номидаанд).

пешина
аз 191
навбатӣ