Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
БАЁНИ САРГУЗАШТИ ДАРВЕШИ ЧОРУМ
Э дӯстон, зи ҳоли мани зор бишнавед,
В-аз достони ин дили афгор бишнавед;
Ҳарчанд нест манзалату қадр бандаро,
Аммо кашидаам зи бас озор, бишнавед!
Бандаи шумо, ки ба ин хирқаи фано дар хизмататон забондорозӣ мекунад, подшоҳзодаи вилояти Чинам. Аз шиддати ҷафои рӯзгор ва ситами амаки ғаддор аз мамлакати хеш бегона шуда гаштаам...
Падарам фармонфармои мулки Чин буд, бисёрии аз фармондеҳон дар таҳти фармони ӯ буданд. Вай ба ғайр аз ман фарзанде надошт. Чун ҳақир ба нӯҳсолагӣ расидам, падарам рахти зиндагонӣ баст ва дар ҳини (вақти) мурданаш ба бародари худ чунин васият кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё