Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чун писари ман ҳанӯз тифл аст ва қобили подшоҳӣ нест, бояд ки ту валиаҳд ва кафили корҳои мамлакат бошӣ ва тарбият намуда, назари шафқат аз ӯ бознадорӣ. Вақте ки писарам калон шавад, духтари худро ба ӯ деҳ ва сиккаву хутбаро ба номи ӯ кун, худат ба гӯшаи фароғат бирав!

Чун пир шудӣ, Ҳофиз, аз майкада берун шав!
Мастиву тарабнокӣ, дар аҳди шубоб ахло.

Агар ҳамин тавр кунӣ, давлат аз дудмони мо берун наравад. Баъд аз писари ман набераи ту ба тахт менишинад.

Бо ҳамин суханон қавлу шарт намуда, аксари хос ва аркони давлатро ба он муддао шоҳид гирифтанд. Аммо баъд аз фавти падарам, амакам чун бар тахти салтанат қарор гирифт ва лаззати фармонравоиро дарёфт, фармуд, ки маро дар ҳарам нигоҳ доранд. Ман то ба чордаҳсолагӣ сивои даруни ҳарам ҷоеро надида, ба ҷуз нозаниндухтарон ва тифлон бозие надоштам. Чун шунида будам, ки духтари амакам номзади ман аст, бо ҳамон дилхушӣ мекардам. Муборак ном хизматгоре доштам. Вай ғуломи сиёҳ буд, ки дар хизмати падарам бисёр гашта, ба падарам мӯътамад ва ҳамроз буд. Ман дар он муддат, агар гоҳе аҳли ҳарамро ғофил карда берун бароям, ба назди ӯ мерафтам. Вай меҳрубонии зиёд карда, бо ҳасрат ба ман нигоҳ мекард ва мегирист.

Рӯзе дар ҳарам бо духтарон бозӣ мекардам, ки канизе маро як торсакӣ зад. Ман гирякунон берун давидам. Муборак чун маро гирён дид, аз меҳр ба бар кашид ва сабаби гиряро пурсид. Ман воқеаро ба ӯ гуфтам. Вай ҳам ба ҷои тасалلӣ маро боз як торсакӣ зад ва гуфт:

— Худоё! Ин тоқати мардӣ надорад, занаш гардон! Э хокат бар сар, мебоист ҳоло ту соҳиби тахту тоҷ бошӣ ва олам зери нигини ту бошад. Аммо ту гиря мекунӣ, ки канизон маро задаанд...
Гуфтам:

— Гуноҳи ман чист? Ман (то ҳол) сивои канизон бо касе ихтилот накардаам ва ҳеҷ чизро намедонам.

1 Шубоб – ҷавонӣ.
2 Дудмон – авлод, насл.

пешина
аз 191
навбатӣ