Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

аст. Ман яқин медонам, ки ин аз асари сеҳр аст. Говро ҳама рӯз аз қаҳр ва хашм шаллок мезанам ва айш ба ғам мубаддал шуд. Инак тарқи мардум карда, дар кунҷи боғ, ба сад дарду доғ рӯз мегузаронам. Сохтани ниҳоли зумуррадин барои машғулӣ ва рафъи савдост. Ҳар моҳ як бор ба он макон рафтан ва ниҳоли мартабонро бурдан ва ба халқ намудан ва шикастан, инчунин ғуломро куштан барои он аст, ки халкро дил ба ҳоли ман бисӯзад. Шояд дардманде дар ҳаққи ман дуои бериё кунад, то ки ба он васила пеши роҳам кушода шавад ва ба мақсадам бирасам... Э дарвеш, ҳоли ман ҳамин аст!

Ҷавон баъд аз тамом кардани саргузашташ наърае кашиду қафк бар лаб оварда, гиребон пора намуд ва зорию беқарорӣ намуда, ба шитоб роҳи биёбон пеш гирифт.

Шаҳрёро! Оташи ӯ дар дилам чунон асар кард, ки худро фаромӯш кардам. Қасам хӯрдам, ки то ӯро комрон набинам, ба мақсади худ нашитобам. Бинобар он сар дар биёбон ниҳода, ба ҷустуҷӯи анҷоми кори ӯ машғул шудам. Сарупо бараҳна то панҷ сол гаштам. Дар ҳар ҷо дарвеш ва дардманде ва поктинатеро бинам, аз вай давои он дард ҷустам. Дар охир ба ҳамон пирмарди обид вохӯрдам, ки дарвешонро ба Қустантания далолат карда буд. Вай маро ҳам, монанди онҳо ба ин тараф фиристод. Гуфт, ки:

— Дар роҳ ба се дарвеш во мехӯрӣ, ки ҳар кадомашон матлаби бузурге доранд. Шумо ҳар чор ба назди подшоҳ меравед, ӯ низ матлабе дорад. Дар он ҷо матлаби ҳамаи шумо ҳосил мешавад...

Бинобар он банда ба ин савб равона шудам. Ҳоло ду нишони он мард гуфтагӣ зоҳир шуд. Умед он аст, ки подшоҳ ба мақсадаш расад ва мо бечорагон низ ба орзуи худ расем.

пешина
аз 191
навбатӣ