Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ гуфт:
– Биё! Туро ба назди амакат мебарам. То бидонад, ки ту бузург шудаӣ ва лоиқи тоҷу тахт ҳастӣ. Акнун бояд ҳаққи туро таслим кунад.

Гуфтам:
– Кадом ҳақ?

Гуфт:
– Номзад ва мансаб! Ман хушнуд шудам, ҳамроҳи Муборак ба боргоҳи амакам рафтам. Чун амакам маро дид, ба истиқбол давид ва ба бар кашид, ҷабинамро бӯсида ба паҳлӯи худ нишонид. Баъд аз Муборак пурсид, ки:
– Фарзандам ба чӣ сабаб ташвиш кашида омадааст?

Муборак баъд аз дуо гуфт, ки:
– Бо арз ва илтимос омадааст...
– Яъне номзади худро мехоҳад? – гуфта сухани ӯро амакам бурид, – ин Муборак аст. Мунаҷҷимбоширо чеғ занед!

Дарҳол мунаҷҷимбошӣ омад. Амакам пурсид, ки:
– Дар ин чанд ҳазор сол кадом сол хуб аст? Мехоҳам, ки фарзандамро домод кунам.

Мунаҷҷим баъд аз гирифтани иртифоъ ва фикри бисёр гуфт:
– Дар ин ду-се ҳазор сол қамар дар ақраб аст, аторӯд дар хонаи зухал... агар иродаи кори хайр дошта бошед, баъд аз чор ҳазору нӯҳсаду навад сол рӯзи нек ва соати хеле некӯ мерасад.

Амакам гуфт:
– Муборак шунидӣ! Акнун фарзандамро ба ҳарам фирист, то иншооллоҳ соати некро ихтиёр кунам ва амонат ба ӯ гузорам.

Муборак бархосту подшоҳро дуо гуфт, ҳамроҳ берун баромадем. Баъд аз ду рӯзи дигар аз ҳарам берун баромада, ба пеши Муборак рафтам. Чун назараш ба ман расид, зор-зор гирист. Аз ин кори вай ба дили ман шак пайдо шуд. Аз ӯ пурсидам, ки чаро маро дида, дарҳол гиристӣ?

Ӯ гуфт:
– Балогардонат шавам! Кошкӣ гардани Муборак мешикаст ва туро назди ин золим намебурд.

Гуфтам:
– Чӣ шудааст?

Ӯ гуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ