Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
- Вақте ки туро ба боргоҳ бурдам, умаро туро қобил диданд ва хушҳол гардиданд ва дарҳол миёни онҳо қилу қол (гапу гапча) афтод. Онҳо ба забони ҳол гуфтанд, ки ана, подшоҳи ҳақиқӣ бузург шудааст; имрӯз ё фардост, ки ҳақ ба марказ қарор хоҳад гирифт. Амакат ҳам, аз дидани ту ғамнок ва аз умаро хавфнок гардид. Ҳоло салоҳи давлат ва маслиҳати вақтро дар он дидааст, ки туро нобуд созад ва роҳи фитнаву фасодро бандад. Дирӯз маро ба хилват ҷег зада ба ман ваъдаи зару мол ва баландии ҷоҳу мартаба дод ва фармуд, ки туро нест кунам. Ман ҳайрон шудам, намедонам, ки чӣ кор кунам. Ман то зиндаам, намегузорам, ки ба ту зараре расад. Аммо бад-он сабаб андеша мекунам, ки мабодо ба худи ман балое оранд ва баъд аз он туро зоеъ кунанд... Ин фитнаро ман хезондаам, зеро ки агар ман туро ба боргоҳи ин золим намебурдам ва изҳори ин муқаддима намекардам, шояд ин ирода ба хотири ӯ намерасид...
Чун хабари куштан шунидам, тамаъ аз зиндагӣ буридам ва домони Муборакро ба даст печидам ва нолида, гуфтам:
- Ту маро аз ғарқоби бало ба соҳили наҷот нарасонӣ, даст аз домани ту барнамедорам!
...Боре, чун Муборак нолаву беқарории маро дид, гуфт:
- Ғамнахӯр! Фикре ба хотирам расид, ки ба он васила дафъи он балоро кардан мумкин аст.
Гуфтам:
- Он кадом фикр аст?
Ӯ гуфт:
- Биё, ба ту мегӯям.
Бо ӯ ба иморате, ки падарам дар он ҷо дафина гузошта буд, рафтам... Чун дохили иморат шудам, тахту ҷойгоҳи падарамро дида беш аз пеш гиря глуӯгирам шуд. Маро Муборак таскин медод.
Бо ишораи Муборак дукаса тахти падарро аз ҷо бардошта фаршро ғундоштем. Баъд қадаре заминро кандем, ки як дар пайдо шуд. Муборак аз кисааш калид бароварда, қуфли он дарро кушод ва дарро боз кард. Дар он ҷо чанд поязина буд. Муборак аз он зинаҳо поён фуромада, маро ҳам таклиф намуд. Дар аввал ба дил гуфтам, ки «сиёҳ макр кардааст, мехоҳад, ки дар ин ҷо кори туро тамом кунад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё