Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Аммо чӣ илоҷ, маҷбур шуда ба поён фуромадам. Дар он ҷо чил суфа ба назар расид, ки сап-сафед буданд. Дар ҳар суфа як хуми хисравонӣ бо занҷирҳои тилло банд карда гузошта шудааст. Бар сари ҳар як хум хишти тиллое ва дар он ҳайкали маймуни забарҷад нишастааст. Танҳо як хум бемаймун буд. Ҳамаи он хумҳо пур аз тилло буд. Дар миёни суфаҳо як ҳавзи калони пур аз ҷавоҳир буд.
Гуфтам:
— Аз дидани онҳо чӣ мешавад, ба ман чӣ фоида дорад? Гирам сад чандин дошта бошаم, аз ман мусибатро дафъ карда наметавонам.
Сиришк аз рухам пок кардам, чӣ ҳосил?!
Илоҷ бикун к-аз дилам хун наёяд...
Ӯ гуфт:
— Э фалонӣ, ин ганҷи ниҳонӣ ҳикояте дорад. Мақсад аз нишон додани ин маймунҳо ғараз ҳаст...
Гуфтам:
— Чӣ ғараз?
Ӯ гуфт:
— Кайфияти ин маймунҳо он аст, ки падарат дар аввали ҷавонӣ бо Малик Содиқ, шоҳи ҷинҳо, алоқа ва дӯстӣ дошт. Сабаби ин дӯстӣ ба ман маълум нашуда монд. Падарат ҳар сол аз атриёт ва хӯроквориҳо ҳадя гирифта, ба он мулк мебурд. Чанд рӯз дар назди ӯ мешуд ва дар вақти бозгашт Малик Содиқ ба ӯ як маймуни забарҷад медод. Онро падарат оварда дар ин макон мегузошт. Муддате буд, ки маро ҳам бо худ мебурд. Навбате аз ӯ пурсидам, ки: «Соҳибо! Ҳар бор ба Малик Содиқ маблағи зиёд тӯҳфа ва ҳадя мебаред, ба ҷояш фақат як маймуни беҷон мегиред. Аз ин ба шумо чӣ фоида?». Падарат табассум намуда гуфт: «Ба касе ин сирро магӯ! Ҳар як маймуни забарҷадро ҳазор нафар ҷин дар таҳти фармон аст. Аммо бинобар гуфтаи Малик Содиқ, то чил маймун тамом нашавад, ҷинҳои маймунҳо коре карда наметавонанд...». Ҳанӯз як сол ба вақти ваъда монда буд, ки падарат вафот кард. Алҳол ба хотири ман мерасад, ки туро ба назди Малик Содиқ барам ва чигунагии аҳволро баён кунам. Шояд барои хотири падарат он як маймуни боқимондаро ба ту бахшад. Ба ин роҳ ту метавонӣ мулки иросӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё