Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
(меросӣ) ва амонати худро соҳиб шавӣ. Агар ин мақсад муяссар нашавад ҳам, боре аз кушта шудан халос мешавем.
Гуфтам:
— Ихтиёр ба туст, ба ҳар тариқ ки тавонӣ, бикуш ва аз ҳақ чашм напӯш!
Муборак маро ҳарам фиристода худаш ба тайёр кардани тӯҳфаҳо ва ҳадяҳо машғул гашт. Баъд аз тайёр кардани чизҳо дар хилват бо амакам машварат кардааст, ки: «Агар саводбиди подшоҳ бошад, ба азми сайру шикор ин писарро ба саҳро барам, дар ҷое бикушам, ки касе хабардор нашавад...». Амакам ин фикрро писандид. Муборак маро бо тӯҳфаҳои мазкур аз шаҳр берун баровард.
Шаҳрёро! Мо ду аспро зину лаҷом карда, то муддати як моҳ ба тарафи шарқии вилояти Чин роҳ паймудем, аз хавфи душман дар ҳеҷ ҷо наёсудем.
Шабе дар аснои роҳ ба тале расидем. Чун ба болои тал баромадем, дар он тараф маргзоре ва чамане дидам, ки сабзу хуррам буд, аз атои гулу райҳон ва сунбулу нозбӯ кӯҳу дашт муаттар буд. Дар он ҷо ғулғуле ба гӯш расид ва он ҷо аз нури шамъ ва фонус монандӣ рӯз равшан буд.
Гуфтам:
— Э Муборак! Ин ҷоро чӣ ном аст ва ин чӣ ғулғули ом аст?
Муборак аз асп фуромада, гуфт:
— Шукр, ки бахти баландат ёр шуд ва ба мақсад расидем. Ин лашкари ҷинҳост ва боргоҳи малик Содиқ дар ин ҷост!
Гуфтам:
— Ман ба ғайр аз нури чароғ чизе намебинам!
Муборак дарҳол аз кисааш сурмае бароварда, ба чашми ман кашид ва ман ин дафъа нигоҳ карда, халқи бисёреро дидам, ки ҳама хушрӯй ва сияҳмӯй буданд. Аммо пойҳои онҳо монанди пойҳои гӯсфандон сумшикофта буд.
Чун ба миёни онҳо рафта даромадем, онҳо Муборакро шинохтанд ва бо ӯ ба ҳазл ва шӯхӣ машғул шуданд. Мо ба онҳо аҳамият надода мерафтем, то ки ба ҳавлии боргоҳи малик Содиқ расидем. Боргоҳ бо ҳама зебу зинат ороста, ба ҳар гӯша кату авранг¹ ва курсиҳо гузошта шуда, умаро, вузаро ва
¹ Авранг — тахта, қувва, зӯрӣ, номус.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё